ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАДАФҲОИ МЕҲВАРӢ МАҲСУБ МЕЁБАД

ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ ҲАДАФҲОИ МЕҲВАРӢ МАҲСУБ МЕЁБАД

20 ноябр 2023, Душанбе
38
0


Соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, неъмати бебаҳо буда,  миллатро ба ҳама орзую омоли некаш мерасонад. Агар мо аз ҳамин зовия ба дастовардҳои даврони истиқлол ба назари тадқиқ бингарем, дил аз фараҳ лабрез мешавад. Зеро тамоми  соҳаҳо рушд карда, мардум дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба сар мебаранд. Ва ҳамаи ин музаффариятҳо бо исми шарифи фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич доранд.
Хушбахтона, дар солҳои мавриди назар бо иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим низ заминаҳои қавӣ гузошта шуданд. 
"Солимии ҷомеа бойигарии давлат аст", – ҳамеша таъкид мекунанд Президенти маҳбуби мо. 
Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар яке аз сераҳолитарин вилоятҳои Тоҷикистон – Хатлон низ дар радифи дигар вилоятҳои кишвар тадбирҳои муассир андешида шуда, аҳамияти он ба аҳли ҷомеа марҳила ба марҳила ба таври ҳамешагӣ фаҳмонда шавад. Бо ин мақсад, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон фаъолияти пурсамарро ба роҳа монда, ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Аз ҷумла, барои пешгирӣ аз воридшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус аз ҷониби мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар миёни мардум бо иштироки 8 ҳазору 820 нафар 125 лексия ва бо ширкати 77 ҳазору 34 нафар 25 ҳазору 678 маротиба суҳбат гузаронда шуд. Ҳамзамон, барои пешгирӣ аз коронавирус 32 ҳазору 301 варақаи иттилоотӣ тақсим гардид. 
Барои садди роҳи паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам шудан, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки 7 ҳазору 770 сокин 111 лексия ва бо ҷалби 65 ҳазору 88 нафар 21 ҳазору 696 суҳбати мавзуӣ сурат гифт. Дар ин замина, 8 ҳазору 882 варақаи иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас карда шуд. Баромадҳои радиоӣ ва телевизионӣ 22 маротиба ташкил шуда, панҷ мақола интишор гардидааст. Бо ширкати 780 корманди тибби сохторҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 дарси омӯзишӣ баргузор гашт. 
Дар доираи тадбирҳои пешгирӣ аз ботулизм бо 34 ҳазору 128 нафар 11 ҳазору 376 суҳбат гузаронда шуда, дар 113 лексия 7 ҳазору 910 сокин иштирок карда, донишҳои нисбатан заминавии хешро пурра сохтанд ва ба суолҳояшон аз мутахассисон посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар ҳамин росто, дар миёни 380 корманди соҳаи тандурустӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо дар мавзуи пешгирии ботулизм 19 дарси омӯзишӣ баргузор гардид. 
Ғайр аз ин, мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва кормандони дахлдори соҳаи тиб дар нуҳ моҳи соли 2023 дар мавриди пешгирӣ ва зарари сил, гепатитҳо, камхунӣ, ҷоғар, фишорбаландӣ, диабети қанд, ҳорӣ, сӯхтанӣ, брутселлёз, кирми рӯда, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, фарбеҳӣ, асабоният, зарари телефонҳои мобилӣ, никоҳи хешутаборӣ ва ҳоказо чорабиниҳои зиёди оммавӣ-маърифатиро сари вақт роҳандозӣ карданд. 
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мутмаин ҳастам, ки дар партави сиёсати инсонмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мо– кормандони соҳаи тандурустӣ, минбаъд низ солимии миллатро беҳтар аз пештар таъмин карда метавонем. 

Ғулом ШЕРОВ, 
директори Маркази ташаккули 
тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив