МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ЧЖАН ТСИНВЭЙ
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти МИҲД шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки мулоқот идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи баланди миёни кишварҳои мо маҳсуб меёбад. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки то ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои судманди байни Тоҷикистону Чин расидан, робитаҳои доимии сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва боэътимоди сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин заминаи воқеӣ гузоштаанд. Зикр гардид, ки дар маҷмуи робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми афзалиятноку хоса дошта, ба рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳоямон бо кишвари дӯсти Чин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Тоҷикистон ва Чин на танҳо кишварҳои ҳамҷавор, инчунин тамаддунофару соҳибфарҳанг ва шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Имрӯз парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд ва равобити миёни давлатҳоро мукаммал мегардонанд. Дар ин замина, ҷонибдорӣ аз тақвияти робитаҳо бо Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз гардид. Дар идома ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.
Имрӯз Чин шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол менамояд. Дар даҳ соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст, ки бештар ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ равона карда шудаанд.
Бо назардошти мавҷудияти имкониятҳои зиёд барои рушди минбаъдаи тиҷорати дуҷониба, иштироки ширкатҳои чинӣ, ки бо имконоту зарфиятҳои бузурги молиявӣ, фановарӣ ва технологӣ дар миқёси ҷаҳон соҳибном гаштаанд, дар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад шумурда шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245