ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУРУД БА ПЕШВОИ “ШОҲНОМА”-ПАРВАР

ДУРУД БА ПЕШВОИ “ШОҲНОМА”-ПАРВАР

02 январ 2024, Сешанбе
56
0


Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ борҳо таъкид карда буданд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёнажод, суннат ва анъанаҳои мардум, тарзи зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлоли кишвар, озодию озодагӣ, мафҳуми ҷангу сулҳ, шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, масоили мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем”.
Ҳамосаи миллии пири Тӯс як падидаи фарҳангии миллӣ дар таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон аст. Ба қавли Садриддин Айнӣ «Шоҳнома» сар то по маноқиби шоҳони Эрон буд. «Шоҳнома» ҳамаи бузургӣ, ҳамаи шараф ва ҳамаи маолиро ба сулолаи шоҳони Эрон махсус мекард" (С.Айнӣ. Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ, 24)”. 
Тадвини «Шоҳнома» ба забони порсии дарӣ бояд чун як наҳзати фарҳангӣ шинохта шавад, зеро вай осори гузаштаи ҳамосӣ ва зимнан луғоту таркиботи шеваи қадимаро нигоҳ доштааст. Ҳанӯз соли 1933 устод Айнӣ дар мақолааш “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” ба забони баёни “Шоҳнома” арзиш қоил шуда буд: “Сар то пойи он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд: ҳатто дар «Шоҳнома» он гуна луғатҳои порсӣ ва бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тоҷикон зинда аст”.
Шамсуддини Сомибек дар ҳаққи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар «Қомус-ул-аълом» гуфтааст: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як асари тақлиднопазир аст, ки монанди Ҳомери Юнон, Вергилии румиён, Дантеи италиявиён ва Милтони англисон аз ҷумлаи шоирони доҳӣ беназир будани соҳибашро нишон медиҳад» (С. Айнӣ Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ). 
«Шоҳнома» як ҳамосаи бузург ва воҳиди адабии ҳунарист, ки ягонагии он аз мақсаду ҳадафи муаллифи он бармеояд. Дар «Шоҳнома», гузашта аз ҳадаф ва назарҳои ҷузъӣ, ба андешаи адабиётшинос Худоӣ Шарифзода, се идеяи марказӣ ва роҳнамо мавҷуд мебошад, ки пайванди ин маҷмуаи бузурги гуногунмавзуъро ба вуҷуд овардааст: 1. Идеяи ба вуҷуд омадани аввалин ҷомеаҳои башарӣ; 2. Идеяи ватандӯстӣ ва ватангароӣ; 3. Идеяи салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа. Месазад, аз ин таъриху тақдиру корномаи башарият омӯхту ибрат гирифт ва онро раҳнамои хеш қарор дод. 
Ба ин тартиб, «Шоҳнома» ҳамосаи бузурги шоҳон аст ва дар ин шоҳасар ҳаёти мардумони Эрону Мовароуннаҳр дар пайванди замонию маконӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, руҳонӣ ва маънавӣ воқеияти зиндаи ҳунарӣ меёбад. “Шоҳнома” барои омӯзандагони ҷараёни зиндагӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаҳо, аз ҷумла мардумони эронитабор, порсизабонон ва дигар мардумони олам як манбаи муътамад аст. 
К-аз ин номвар номаи бостон 
Бимонам ба гетӣ яке достон, 
Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод, 
Зи ман ҷуз ба некӣ наёрад ба ёд.

Дар Симпозиуми байналмилалӣ Пешвои миллат зикр карданд, ки маҳз бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хатти ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид. Дар Тоҷикистон "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ бори нахуст ба хатти кириллӣ ба кӯшиши устодон Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ ва Баҳром Сирус (солҳои 60-ум), бори дуюм (солҳои 80-ум) ва бори сеюм (солҳои 2008-2010) ба кӯшиши Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ омодаву ба чоп расид.
Ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ иқдоми фарҳангпаваронаи Сарвари давлатро бо дилгармӣ пазируфта, ҳоло тасмим гирифтанд, ки “Шоҳнома”-ро дар наздиктарин фурсат дар асоси нусхаи устод Ҷалол Холиқии Мутлақ ва муқоиса бо нусхаҳои Маскав, Жул Мул ва чопи Душанбе ва чанд нусхаи хаттии муътабар ба чоп омода кунанд. 
Сарвари давлат дуруст зикр мекунанд: “Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зинда нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем”. 
Умед аст, ин иқдоми сутудании Сарвари давлат ва азму иродаи миллати тоҷик дар роҳи пос доштани арзишҳои фарҳангиву миллиамон амалӣ хоҳад шуд. Ин таманниёти некро аз забони офаридгори "Шоҳнома", шоҳкори беназири мардумони Ориёӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон тақдим мекунем:
Худованди гетӣ паноҳи ту бод,
Замину замон некхоҳи ту бод.
Ба коми ту гардад сипеҳри баланд,
Дилат шод бодо, танат бегазанд.

Фарангис ШАРИФЗОДА, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив