РОҲНАМО ВА РОҲКУШО
Илми муосир ҷаҳонбинии инсонро ташаккул дода, ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиёт мусоидат менамояд. Маҳз бо назардошти дарки муҳимияти масъала, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи илм ва маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва олимони ҷавон, ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) аҳамият ва зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии аҳолиро тавассути боз ҳам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ таъкид доштанд.
Агар ба мафҳуми илм амиқтар фурӯ равем, илм системаи назариявӣ дар бораи олам, мавқеи инсон дар он ва дарки шаклҳои гуногуни муносибати инсон ба олам мебошад. Илм талаботи ҷамъиятро қонеъ гардонда, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ёрӣ мерасонад. Аз сӯи дигар, ба сифати фаъолияти касбии шахс дар ҷомеа фарҳанги фалсафӣ низ таъсир мерасонад, ки он, аввалан, аз мавҷудияти шароити муайяни иҷтимоию сиёсӣ барои ташаккул ва инкишофи инсон дар ҷомеа сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароити мусоид фароҳам гардида, чандин муассисаҳои таълимию илмии дорои инфрасохтори муосир бунёд шудаанд.
Коҳиши сатҳи камбизоатӣ низ аз масъалаи муҳими Паём буда, гуфта шуд, ки дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, барои донишандӯзии аҳолӣ шароити хубе фароҳам омадааст. Ин имкон медиҳад, ки аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият карда, рушд намояд. Махсусан, дар соҳаи илм ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон барои пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт мусоидат мекунад. Бо аз худ кардани илму дониш инсон худ ва ҷомеаро ҳамвора пеш мебарад. Маърифати иҷтимоӣ низ ба сатҳи илму дониш алоқамандии зич дорад. Ин ҷо донишҳои нав дар илм ва инноватсия асоси рушди иқтисодиёт буда, дар шароити муосир иқтисодиёт ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ асос ёфтааст. Фаъолияти илмӣ ба эҷоди технология, маҳсулот ва хизматрасониҳои нав мусоидат мекунад, ки боиси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мегардад. Ҳамзамон, пажӯҳишҳои илмӣ ва марказҳои илмии баландихтисос ба кишвар мутахассисону донишҷӯёни соҳибкасбро ҷалб менамояд. Мувофиқи маълумоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар соҳаи илм барои истифодаи амалӣ, масалан, дар истеҳсолот давоми соли 2023 зиёда аз 30 натиҷаи илмӣ ва 5 пешниҳоди олимони Академия манзур карда шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои илмии бадастомада, аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ аз 3900 кори илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 160 монография, китобу дастур, маҷмуаҳои илмӣ ва тавсиянома, ҳамчунин, зиёда аз 3800 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ ба нашр расидаанд. Банда низ мавзуи илмиеро ба анҷом хоҳам расонд, ки истифодаи он дар амал баҳри рушди ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати иҷтимоии ҷомеаи навин кумак мерасонад.
Паём, дар навбати худ, вазифаҳои боз ҳам муҳимро пеш гузошт, ки онҳо минбаъд низ баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамоянд. Паём роҳнамо ва роҳкушост.
Қурбонназар ТАВУРОВ,
дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии умумидонишгоҳии ДДХ ба номи М.Назаршоев