РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ. АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БОҚЙ МОНД
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28-уми декабри соли 2023) чун солҳои қаблӣ ба масъалаи илму маориф ва субъектҳои раванди таълиму тарбия диққати хоса дода шуд. Президенти мамлакат рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо, омили муҳимтарини таъмини ояндаи босуботи давлату фардои босаодати ҷомеа ҳисобида, ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили муҳиму тавонои ташаккулдиҳанда ва ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нави замонавӣ мусоидаткунанда, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, пеш аз ҳама, ба дастрасии шароитҳои мусоиди таълиму тарбия ва самарабахшии фаъолияти онҳо, таҳсилоти босифат, боло рафтани сатҳи саводнокӣ, такмили донишу фаҳмиш ва омодагии касбӣ вобастагӣ дошта, омили ташаккули сармояи инсонӣ мебошад. Хушбахтона, ба ин самт сол ба сол диққат ва ғамхориҳои бештар равона мегардад. Соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил гардида, ба сифати омодасозии мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳ бештар дода, барои рушди сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Тавре дар Паём зикр гардид: «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад». Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои муосир мусоидат карда, омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа, махсусан илму маориф ва фаъолияти самараноки муассисаҳои илмию таълимӣ, мебошад. Сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба ин хотир, Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Шумораи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҳамасола афзоиш ёфта, соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2 миллиону 600 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2017-ум 500 ҳазор нафар зиёд мебошад. Мувофиқи пешбиниҳо, ин шумора соли 2025 ба 2 миллиону 700 ҳазор нафар мерасад ва зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ҷиҳати таъмини ҷойи нишаст ба миён меояд. Дар баробари ин, зарурати баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифи кишвар тақозои замон аст.
Пешвои миллат ин ҳолатро ба он асоснок намуданд, ки соли 2023 муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро 103 ҳазор нафар хатм кард ва ба синфи 1-ум 261 ҳазор нафар қабул шуд, ки тафовут баробар ба 2,54% аст. Ҳарчанд дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои 85 ҳазор нафар ба истифода дода шуда бошад ҳам, лекин ин кам аст, зеро нарасидани ҷойи нишаст ба мушоҳида мерасад.
Яке аз муждаҳои фараҳбахши Паём ин аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд мебошад. Тоҷикистон дар байни 183 кишвари мавриди омӯзиш қароргирифта, ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Дарвоқеъ, инро бо он асоснок метавон кард, ки соли 2023 ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, имсол бошад, 8 миллиарду 231 миллиону 867 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Омӯзгорон низ сол ба сол дастгирӣ меёбанд. Агар соли гузашта маоши вазифавии онҳо 20% афзуда бошад, пас дар назар аст, ки аз 1-уми июли соли равон ба андозаи 40% зиёд мешавад.
Ҳадафи чунин иқдомҳои Президенти маҳбуби кишвар, махсусан дар натиҷагирӣ аз соли равону нақшаҳо барои соли минбаъда, ин омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ва, ба ин васила, рушди бомароми сармояи инсонӣ ҳамчун эҳсоси масъулият барои маорифчиёни кишвар мебошад.
Раҷабалӣ САНГОВ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон