ПАЁМ. МАОРИФ ВА ҶАВОНОН
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сўи ояндаи ободу осуда пеш меравад.
Ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки соли 2023 бо вуҷуди тазодҳои зиёд барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд.
Воқеан ҳам, Паём роҳнамои миллат аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандўст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки Сардори давлат дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузоштаанд. Дар Паём низ зикр карданд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ”.
Мо пайрави Пешвои миллатем, чунончи Сарвари давлат таъкид намуданд: “Мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромўш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Мо – ҷавонон, кўшиш ба харҷ ва ваъда медиҳем, ки тамоми қобилияти ақливу зеҳнии худро баҳри боз ҳам тақвият додани соҳаи илму маориф сафарбар менамоем. Шукр ва ифтихор аз он мекунем, ки чунин Сардори ғамхору дурандеш дорем.
М. М. АЛИЕВА, устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ
Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18