ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚВИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚВИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

29 феврал 2024, Панҷшанбе
29
0


Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид, ки ин давраро марҳалаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Зеро маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шуд.
Замони истиқлоли давлатӣ, дар баробари дигар самту соҳаҳо ва аркони давлатдорӣ мақомоти судӣ, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи меҳварӣ дорад, рушду такомул ёфт. Таҳкими фаъолияти ин ниҳод бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардида, дар ин замина се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ роҳандозӣ ва татбиқ гардид. 
Ҳанӯз 6-уми ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар идома фаъолияти мақомоти судӣ ба талаботи замон ва асноди байналмилалӣ мутобиқ ва мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мустаҳкам шуд. 
Дар доираи татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунгузории миллӣ такмил ёфта, як қатор қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав қабул шуданд. Қисми зиёди қонунҳои дигар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуданд. Ҳамчунин, воҳидҳои нави корӣ дар мақомоти судӣ таъсис ёфт, ки ба сатҳу сифат ва баамалбарории адолати судӣ таъсири мусбат расонд.
Бояд тазаккур дод, ки амалӣ кардани ин барномаҳо баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар мавриди қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат намуда истодааст.
Дар замони муосир вусъати бемисли рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ба вуқуъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштааст, ки вобаста ба таъмини босуботи фаъолияти низоми судӣ, баамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарурӣ андешад. 
Инчунин, дастоварди дигаре, ки дар самти фаъолияти судҳо арзишманд эътироф гардидааст, ин мустаҳкам гардидани мустақилияти ҳокимияти судӣ ва аз тобеияти мақомоти прокуратура баровардани татбиқи ҳабси пешакӣ ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ мебошад.
Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи адолати судӣ, пешрафти давлату давлатдорӣ ва инкишофи ҷомеа баланд буда, судҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои дар наздашон гузоштаро тибқи талаботи Конститутсия ва қонунҳо иҷро менамоянд. Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ин шохаи ҳокимият, андешидани чораҳои нав ба нав манфиатовар мебошад. Зеро ташаккули пайвастаи ҳокимияти судӣ боиси фаъолияти пурсамар дар дигар самту соҳаҳо мегардад. 

Б. ИСКАНДАРЗОДА, 
раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив