СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
11-уми март суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.
Пешвои миллат дар оғози суҳбат муҳтарам Осиф Алӣ Зардориро дар робита ба интихоб шуданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд. Ҷонибҳо, ҳамзамон, вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии ду давлат, ки бар арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, инчунин, анъана ва усулҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд.
Сарвари давлати мо фаъолона идома додани муколамаи байнидавлатиро ба нафъи таҳким ва тавсеаи равобити ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон даъват намуданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад. Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои амалии муштарак ҷиҳати бо муҳтавои нав ғанӣ гардондани муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон изҳори умед карда, ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда орзу намуданд.