ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР. МАКТАБИ 70-СОЛА КАЙ НАВ МЕШАВАД?

ҲИСОР. МАКТАБИ 70-СОЛА КАЙ НАВ МЕШАВАД?

26 апрел 2024, Ҷумъа
42
0
 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36-и деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор соли 1956 бунёд шудааст. Он аз се бинои асосӣ ва 14 синфхона иборат мебошад. Айни ҳол ду бино бо синфхонаҳояш дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Деворҳои баъзе синфхонаҳо бо сабаби фарсудагӣ каф хӯрда, таҳдиди чаппа шудан доранд. Дар пушти деворҳо барои мустаҳкам монданашон пояҳои бетонӣ сохта шудаанд, аммо бо гузашти солҳо пояҳо лағжида, аз деворҳо ҷудо гаштаанд. Дару тирезаҳои чӯбину куҳнаи синфхонаҳо мероси собиқ замони шуравӣ мебошанд. Як бинои дигар сохти финнӣ буда, муҳлати истифодаи он низ кайҳо гузаштааст.  Дар шафати он майдончаи варзишӣ мавҷуд буда, дар фасли гармо пур аз хоктӯдаю дар сармо бошад, дар иҳотаи обу гил аст. Солҳост, ки толибилмони мактаб дар чунин шароит дарси варзиш мегузаранд.
Шамсиддин Буриев, директори Муассисаи фавқ, зимни суҳбат гуфт: 
– Алҳол дар Муассиса 670 хонанда дар ду баст таҳсил мекунад. Шумораи умумии омӯзгорон 35 нафарро ташкил медиҳад. Дарвоқеъ, вазъи Муассиса нигаронкунанда аст. Биною синфхонаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, бому деворҳояшон хатарнок шудаанд. Доимо муаллимон ва хонандагонро назорат мекунем, ки мабодо (манзури директор фурӯ рафтани биноҳои Муассиса аст) осебе ба онҳо нарасад. 
Мушкили дигари ҳалталаб ин хурд будани масоҳати синфхонаҳо ва норасоии ҷойи нишаст мебошад. Бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст дар як синф то 30 хонандаро ҷой кардаем.
Воқеан, моҳи августи соли 2019 дар канори Муассиса  сохтмони бинои нав бо 13 синфхона ва 7 ҳуҷраи ёрирасон, барои 320 хонанда (дар як баст) оғоз шудааст. Тибқи лоиҳа, иншоот иборат аз ду ошёна мебошад. Алҳол пойдевор ва қисман деворҳои ошёнаи якумаш сохта шудаанд. Мутасаддиён сабаби иҷро нагардидан ва ба таъхир афтодани корҳои сохтмониро набудани маблағ мегӯянд. Аз хунукназарӣ ва саҳлангории масъулон чор сол боз иншооти нотамом зери барфу борон мондааст. Аз таъсири боришот хиштҳояш намкашидаю фарсуда шудаанд. 
– Вақте ба ҳайси директори МТМУ № 36 таъин гардидам, аҳволи синфхонаю биноҳоро дида, ба шаш ниҳоди дахлдор, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, мактуб навишта, онҳоро огоҳ карда будам, ки Муассиса дар чунин вазъ қарор дорад. Хоҳиш намудам, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаи нохуш ва бунёди бинои нав мусоидат кунанд. Сохтмон бо саҳмгузории аҳолии деҳоти Деҳқонобод оғоз гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сохтмонро бо хишт таъмин кард. Аз соли 2019 аз сабаби набудани маблағ корҳои сохтмонӣ мавқуф монданд, – илова кард Ш. Буриев. 
Толибилмон аз ноилоҷӣ дар «мактаби куҳна», зери хатар илм меомӯзанд. Мутасаддиён бошанд, гуфта наметавонанд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои ҷадиди Муассиса кай аз сар гирифта мешаванд. Яъне, бетаваҷҷуҳӣ ба ин сохтмони «гӯшти уштурхӯрда» давом ёфтанист? Ба ҳар сурат, «Ҷумҳурият» мавзуъро пайгирӣ мекунад.  Итминон дорем, ки дастандаркорон на вокуниш дар рӯи коғаз бо ваъдаҳои «баҳори дигар», балки амалан барои идомаи сохтмон ташаббус мекунанд.    
 
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.04.2024 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив