ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОБЕИЯТ БА ҚОНУН ОЗОДИИ ВОҚЕИСТ!

ТОБЕИЯТ БА ҚОНУН ОЗОДИИ ВОҚЕИСТ!

02 май 2024, Панҷшанбе
148
0


 
Инсоният дар замони муосир ба олитарин дастовардҳои илмиву техникӣ ноил гардида, ҳар замон барои истеҳсолоту офариниши ҷадид дар талош аст. Махсусан, дар самти офариниши техника ва технология, ки дар ҳоли имрӯз бидуни онҳо ҳаёти инсони муосирро тасаввур карда наметавон, рақобатҳо то рафт шадид мегарданд. 
Аз нигоҳи аввал технологияи муосир ҳаёти инсонҳоро даҳчанд осон намудаву барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ равзанаи асосӣ ба ҷаҳон гардидааст. Хоссатан, интернет инсонҳои тамоми оламро мисли сокинони як минтақа бо ҳам пайваст намуд ва аз ҳар як воқеа ҳамагон дар зудтарин фурсат огоҳӣ меёбанд. Дар назари аввал ин хуб аст, чун инсонҳо дар фосилаҳо бо ҳам наздик гардидаву дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ва, ҳатто глобалӣ барои ҳамдигар мусоидат мекунанд. Аммо, мутаассифона, на ҳама инсонҳои рӯйи олам як ҳадаф доранд, на ҳама шодии дигаронро дида метавонанд, на ҳар кас дар фикри оромиву осудагӣ ва ободист. 
Дар ин раванд бархӯрди тамаддунҳо, ҳуҷумҳои иттилоотӣ, тарғиботи ҳадафнок, ки инсони сустиродаро ба бегонапарастиву гумроҳӣ мебарад,  аз мушкилоти замони муосир ба ҳисоб мераванд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” хуб баён намуда, ҳамчунин, гӯшрас карданд, ки дар ҳама гуна вазъият мо бояд барои ҳифзи амнияти миллӣ ҳушёриро аз даст надиҳем: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.”
Бидуни баҳс интернет дар замони муосир пурқудраттарин силоҳест, ки тавассути таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон тамоми ҳадафҳоро нишонрас мегардонад. Аз ин рӯ, дар ҷангҳои сарду иттилоотӣ аз он васеъ истифода шуда, ҷониби истифодабаранда ҳамеша ба мақсад мерасад. Аз ин қудрати муқоисанашавандаи интернет гурӯҳҳои манфиатхоҳ хуб огоҳӣ доранду  ҳадафҳои муғризонаи худро тавассути сомонаҳои махсуси таъсиррасон амалӣ мегардонанд. 
Истифодабарандаи асосии интернет насли наврасу ҷавон ба ҳисоб мераванд, ки аз нигоҳи равонӣ зудбовар ва дар ҷӯшу хурӯшанд, пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳо қарор доранд. Ин махсусиятҳои равонии аудиторияи мақсадноки худро ба инобат гирифта, гурӯҳҳои манфиатҷӯву иғвогар тавассути ҷавонони ноогоҳ ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кардани мешаванд. Дарёфти ҷавонони зудбовар тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо аз дилхоҳ нуқтаи дунё қулай аст. Аз ин лиҳоз, гурӯҳҳои террористии бемиллату бемазҳаб зери ниқоби дину мазҳаб, идеяҳои дурӯғини худро, ки гӯё барои озодиву ободӣ қаҳрамонӣ карданиянд, бо ваъдаи зиндагии “арзанда” ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд, ҳаёти орому осудаи онҳоро  барбод дода, ба номашон доғи абадӣ мезананд.
Фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро, ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат манъ карда шудааст. Шумораи чунин ҳизбу ҳаракатҳо ба 25 расида, огоҳӣ дода мешавад, ки “ҳама гуна ҳамкорӣ, кумак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистии зикршуда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо қатъиян манъ аст!”. Таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳанд, ки бархе шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабаби надонистан ва шинос набудан бо гурӯҳҳои номбурда ба саҳифаҳои иҷтимоии онҳо ҳамроҳ шуда, ба домашон гирифтор мешаванд. Ҳол он ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аз ин сабаб, дар қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ намудани фаъолияти ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ таъкид мегардад: “Барои ҳамкорӣ, кумак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистии зикршуда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.” Дар ин робита, воситаҳои иртиботӣ ва шаҳрвандонро лозим аст, ки барои паҳн намудани рӯйхати гурӯҳҳои ифротгаро ва иттилои саҳеҳ саҳмгузор бошанд.
Тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста пешниҳод намудани иттилои саҳеҳ ва гузарондани фаҳмондадиҳиҳо миёни ҷомеа ба манфиати кор аст. Дар навбати худ, ҷомеа низ барои эмин доштани худу наздикон аз омилҳои номатлуб барои гирифтани хабар ба  сарчашмаҳои расмӣ рӯ оварад, беҳтар аст. Чунончи мегӯянд, хоҳӣ, ки озод бошӣ, тобеи қонун бош. 
Барои эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва мағзшӯйии гурӯҳҳои террористӣ аз оила то ниҳодҳои давлатӣ бояд барои худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси милливу ватандӯстӣ, муҳаббат ба арзишҳои  фарҳангии ниёгон, дониш ва фаҳмиши дурусти диниву мазҳабии ҷомеа саҳмгузор  бошем бо равандҳои замони муосир эҳтиёткорона муносибат намоем.

Диловар САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Панҷ


Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив