ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ. ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМ

ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ. ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМ

07 май 2024, Сешанбе
44
0
Тибқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ё миёнаи касбӣ таълими миёнаи умумӣ гиранд. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки масъалаи аз таҳсил дур мондани хонандагон ҳалли худро ёбад. 
Бо таъкиди вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо даровардани ин тағйирот яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 кафолат додани он ки ҳамаи духтарон ва писарон таҳсилоти ройгон, баробар ва босифати ибтидоӣ ва миёнаро ба даст меоваранд, амалӣ мешавад. Дар ниҳоят, масъалаи аз таҳсил дур мондан ҳалли худро ёфта, сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон, ки соли 2023 аз ҷониби онҳо 474 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда буд, бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт. Тибқи таҳлилҳо, дар қисми зиёди ҳолатҳои содирнамоии ҷиноят ноболиғоне даст задаанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ иброз дошт, ки зарурати ворид намудани тағйирот ба Қонуни мазкур аз ду ҷиҳат муҳим аст. Якум, дар шароити кунунии рушди бесобиқаи техникаю технология ва табодули маълумот фарогири танҳо таълими умумии асосӣ будан барои ҷавондухтарону ҷавонписарон басанда нест. Уҳдадор намудани онҳо барои идомаи таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба манфиати ҷомеа хоҳад буд, ки дар натиҷа ба кору фаъолиятҳои зиёди судовар машғул шудани хатмкардагонро осон мегардонад. Дуюм, вазъияти зудтағйирёбандаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ осебпазирии қишру табақаҳои гуногуни кишварҳоро башиддат афзун гардондааст. То ҳанӯз сатҳи пасти донишҳои дунявию эътиқодӣ ва аз рӯи пастмаърифатию беэҳтиётӣ паёмак додани ҷавонони ноогоҳ ба сомонаҳои ташкилотҳои мамнуи террористию экстремистӣ боиси гирифторию саргардонӣ, зиндону маҳбас шудан ва гоҳо ба ҳалокат расидани онҳо мегардад. Бегумон, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба таълиму тарбия ва маърифату касбомӯзии ин гурӯҳи шаҳрвандон барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни онҳо тақвият мебахшад.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив