ФУТБОЛ. СММ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ПУШТИБОНӢ КАРД
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалиро дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард.
Футбол яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Президенти CAFA, президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли равон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва бо қабули қатъномаи махсуси ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ассамблеяи генералии СММ 7-уми май қатъномаро оид ба эълони 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия низ, онро дастгирӣ карданд. Ин сана ба он хотир интихоб шудааст, ки 100 сол пеш 25-уми майи соли 1924, дар доираи Бозиҳои олимпии Париж, аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол бо иштироки дастаҳо аз ҳамаи минтақаҳо баргузор шуда буд.
Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)