ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН.  КИШВАРИ ПЕШТОЗ ДАР ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ БАШАРӢ

ТОҶИКИСТОН.  КИШВАРИ ПЕШТОЗ ДАР ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ БАШАРӢ

16 май 2024, Панҷшанбе
12
0
Боиси сарфарозист, ки Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешоҳанг шинохта шуда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон гардидааст. Ҳамчунин, дар заминаи иқдомоти кишвари мо, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  бо қабули қатъномаи махсуси худ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард ва аз соли 2025 сар карда, ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил  мегардад.
Қобили зикр аст, ки пиряхҳои Тоҷикистон 6 фоизи масоҳати мамлакатро ташкил карда, манбаи бузурги оби тоза ва сарчашмаи 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар мамлакат калонтарин пиряхи ҷаҳон – пиряхи Федченко ҷой гирифтааст. Мутаассифона, тадқиқоти солҳои охир нишон медиҳанд, ки бар асари сохтмони корхонаҳои бузурги бо сӯзишворӣ коркунанда ва афзоиши шумораи нақлиёт иқлими минтақа тағйир ёфта, муҳити зист гарму ифлос ва ба саломатии одамон, парвариши чорво ва зироатҳои кишоварзӣ  зиёновар мегардад. Танҳо дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон бештар аз ҳазор пиряхи хурду миёна об шуда, ба аҳолии минтақа хавфи камобӣ ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ  таҳдид менамояд. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои  молиявии байналмилалӣ, кишварҳои гуногуни ҷаҳон  барои пешгирии хавфҳои бамиёномада тадбирҳои муайян меандешад. Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ва ташкили Фонди ҳифзи пиряхҳо таҳти васояти Котиби генералии СММ имкон медиҳад, ки барои пешгирии обшавӣ ва гузарондани тадбирҳои ҳифозати пиряхҳо маблағҳои муайян ҷалб шаванд. 
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин самт бо марказҳои пиряхшиносии Россия, Олмон, Швейтсария, Австрия, Нидерландия  ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ менамояд. Зимнан, вобаста ба пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои илмӣ ташкил ва дар мавзеъҳои зарурӣ дастгоҳҳои назоратию мониторингӣ насб гардидаанд, ки тавассути онҳо мунтазам ҳолати  гидротехникӣ санҷида мешавад ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин маълумоти муътамад дастраси олимон мегардад. 
Омӯзиши пиряхҳо дар баландкӯҳҳо, тағйирёбии шароити иқлими маҳал ва минтақа дар маркази диққати муҳаққиқони соҳа қарор гирифта, модернкунонии дастгоҳҳои техникӣ, мушоҳидаи пиряхҳо ва шароити гидрометеорологӣ тавассути технология ва усулҳои замонавӣ такмил меёбанд. Бо ҳамкории шарикони хориҷӣ ба Бадахшону Зарафшон ва дигар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон сафарҳои хизматии илмӣ ташкил гардида, илова ба ин, бо ҳамкории олимони кишварҳои хориҷӣ доир ба ҳолати пиряхҳо дар Арктикаю Антарктида ва дигар минтақаҳои иқлими сарддошта тадқиқоти муштарак анҷом дода мешавад. 
Соли 2025 дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад ва ҳар рӯз моро ба ин чорабинии бузурги сатҳи ҷаҳонӣ наздиктар мегардонад. Олимону муҳаққиқон тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки ба ин чорабинии бузурги ҷомеаи муосир дастовардҳои илмии худро пешниҳод намоянд. Ин чорабинӣ шароит фароҳам хоҳад овард, ки стратегияи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муайян карда шавад.
Манучеҳр РАСУЛОВ,
ходими калони илмии озмоишгоҳи маркетинг ва ояндабинии  маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив