ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРОКУРОРҲОИ ГЕНЕРАЛИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲИ
16-уми май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро (СҲИ), ки барои иштирок дар нишасти прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои СҲИ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаашон комёбӣ орзу карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари таъкиди таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар робита ба саҳми арзандаи кишварҳои аъзо дар самтҳои муҳими фаъолияти ин Созмон андешаронӣ намуданд.
– Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сулҳу субот дар минтақаи ЭКО омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслии Созмон, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум аст, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат, ҳамзамон, аз иқтидорҳои фарохи иқтисодӣ дар доираи СҲИ ёдовар шуда, нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина, таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таъкид намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуда, идомаи ҳамкориҳои ҳамгироёнаи кишварҳои аъзо, бахусус мақомоти соҳавии онҳоро зарур шумурданд.
Пешвои миллат зикр карданд, ки дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо, Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад.
Зимни вохӯрӣ бори дигар омодагии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст баён гардид.
Дар фарҷом изҳори умед шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо, ки дар навбати худ ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодии кишварҳои аъзои СҲИ мусоидат менамоянд, қарорҳои муҳим қабул мешаванд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, Прокурори генералии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдуллоҳ Ал-Муъҷиб, ки ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, ҳузур дошт.
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)