ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

20 май 2024, Душанбе
1
0
17-уми май  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайянкардаашон, муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.
Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои  ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба туфайли талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд, зикр карданд. Ҳамзамон, саҳми муҳими Президенти Қазоқистон дар пешбурди пайвастаи ин раванд таъкид гардид.
Миёни ҷонибҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, барномаи вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷониба дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив