ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

06 июн 2024, Панҷшанбе
12
0
ҶАВОБГАРИИ ДУ МАНСАБДОРЕ, КИ МАБЛАҒИ БУҶЕТРО БА КИСАИ ХУД ЗАДАНД
Нозири дидбонгоҳи наздисарҳадии шаҳри Ҳисори раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода Ш. Пирназаров бо ҷурми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба курсии ҷавобгарӣ нишаст. 
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сардори басти 2-юми гузаргоҳи сарҳадии Ҳисори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанҷони А. моҳи январи соли ҷорӣ дар ду ҳолат аз шаҳрвандон “А” ва “Б” 10000 сомонӣ гирифта, маҳсулоти хӯроквории онҳоро, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешуд, ба пуррагӣ аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузарондаанд. Дар натиҷаи ин амал, пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлат пурра рӯёнда нашуда, бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлат ба таври ҷиддӣ поймол шудааст. 
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Ш. Пирназаров бо моддаи 314 қисми 1 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва нисбат ба Ҳасанҷони А. бо моддаи 391 қисми 1 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
 
 
 
ХИДМАТИ АЛТЕРНАТИВИИ ҲАРБӢ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 54 ҲАЗОР СОМОНӢ
Дар ноҳияи Қубодиён як ҳолати қаллобӣ вобаста ба хидмати алтернативии ҳарбӣ ошкор шудааст, ки дар содир намудани ин ҷиноят ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия гумонбар мешавад.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, шахси гумонбар ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии зани 46-сола даромада, барои писарашро ба хидмати алтернативии ҳарбӣ равон кардан аз ӯ 54 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
 
 
ДАСТИ ЗАНИ ТИЛЛОДУЗД ДАР БАНДИ ҚОНУН МОНД
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба гумони дуздии ҷавоҳирот як зани 40-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Ин зан 23-юми майи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 39-сола шуда, ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст, ки зарари расондашуда 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив