ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОҶАРОИ ҶОМА

МОҶАРОИ ҶОМА

15 июл 2024, Душанбе
15
0
Ин ҳодиса расо сӣ сол пеш дар деҳаи Асадуллои деҳоти Навободи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) рӯй дода буд. Тирамоҳи соли 1994 як хеши наздикам хоҳарашро ба шавҳар дода, барои хеле бодабдаба гузарондани туй ҳофизи дӯстдоштаи мардумӣ Файзалӣ Ҳасановро даъват кард.
 
Ҳавои бегоҳӣ хеле намноку сард буд. Ман дар болои кат дар рӯ ба рӯи ҳунарманд менишастам ва дидам, ки ҳофиз аз хунукӣ каме нороҳат аст. Аз ҷавони ношиносе, ки дар тан ҷомаи  сиёҳчаранг дошт, илтимос кардам, ки онро кашида, бар китфи сароянда партояд. Бе мулоҳиза ҷавон хоҳиши маро иҷро намуд ва гармии ҷома ба бадани санъаткор таъсир кард, ки ҳунарнамоии худро якбора ба авҷи аъло расонд.
Бо чӣ сабабе ман аз маърака баромада рафтам. Пагоҳ ба корхона омадан замон котибаи раис маро ба назди сардор даъват намуд. Дар дафтари корӣ ҳамон ҷавонро дида, дар ҳайрат мондам.
Роҳбари идора бо дили нохоҳам бо ангушти  ишоратӣ меҳмонро нишон дода гуфт, ки ин чавон – талаб дорад, то ҷомаашро баргардонед.
– Ҷомаро ман зӯран аз баданаш кашида, ба китфи ҳофиз напартофтаам. Ӯ хоҳиши маро бо ихтиёри худ иҷро намуда, як амали хайр кард, – гуфтаму бо ғазаб аз назди онҳо баромадам.
Пас аз соате сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия занг зада, хоҳиш кард, ки як сари қадам ба наздаш ҳозир шавам. Давида рафта ба ҳуҷраи кориаш даромадам, ки боз ҳамон ҷавонро дидам.
– Ин… ҷома талаб дорад, – қавоқ андохта, ба ғур-ғур даромад сардор.
Ман ҳамон норозигии пештараро такрор намудам. Ҷавон аз ҷояш бо шаст хеста дастакзанон ба доду фарёд даромад.
– Агар ҷомаамро барнагардонад, ба марказ меравам. Ба калонҳо шикоят мебарам. Дар матбуот мақола чоп карда, обрӯяшро - як пул мекунам…
Ҳис кардам, ки моҷарои ҷома аз ҳудуди деҳаву ноҳия ҳам эҳтимоли бурун шудан дорад.
– Хез аз ҷоят! – амр кардам ба даъвогар. – Рафтем ба бозор!
Аз занҳои савдогар беҳтарин ҷомаро харида, ба танаш пӯшондаму хотирҷамъ  ба коргоҳ баргаштам.
Баъди 30 соли воқеа, аниқтараш 24-уми апрели соли равон устод Файзалӣ Ҳасановро дар маъракаи ёдбуди ҳофизи нотакрор Қурбоналӣ Абдуллоев дар Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат дидам. Устод маро самимона ба оғӯш гирифта, моҷарои ҷомаро пеш аз ман ба хотир овард.
– Шумо аз маърака барвақт баромада рафтед. Тӯй ба охир расиду ман он ҷавонро пайдо карда натавонистам. Ҷома ҳануз ҳам дар хона дар мех овезон истодааст. Он ҷавонро чӣ гуна пайдо карда ҷомаашро баргардонам?
– Ман моҷарои ҷомаро баъди як рӯзи тӯй ҳал кардам гуфта, қиссаро аз аввал то охир нақл кардам. Устод хандиданду ман ҳам хандидам. Гӯё ҳодиса худи дирӯз рух дода бошад.
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив