ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИЗОМИ БОНКӢ. ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА ВА  НАҚШАҲО БАРОИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2024

НИЗОМИ БОНКӢ. ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА ВА  НАҚШАҲО БАРОИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2024

18 июл 2024, Панҷшанбе
34
0

Чанде пеш таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иштироки мушовири бахши  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло Шодӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон баргузор гардид. 

Фирдавс Толибзода нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, иброз дошт, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, дар давраи баррасишаванда пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид. 

Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии ваколатдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Инчунин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, раванди иҷрои фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар тамоми нуқтаҳои қабули пардохтҳои хизматрасониҳои муздноки кишвар таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло Шодӣ иброз дошт, ки бо вуҷуди тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ дар фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзӣ мушкилиҳо ҷой доранд, ки таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти ташкилотҳои қарзиро талаб менамояд.

Бино ба андешаи Фирдавс Толибзода, ҷиҳати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, иҷрои саривақтии Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузошташуда, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро таъмин намоянд.

Илова бар ин, андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати васеъ намудани инфрасохтори зарурӣ барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ, мукаммал намудани таъминоти барномавӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, андешидани чораҳои фаврӣ ва қатъӣ ҷиҳати таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ, ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳама манотиқи кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва таъмини баробарии гендерӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зудтар фурухтани молу мулки ба гарав гирифташуда, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, андешидани тадбирҳо барои мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳои киберӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ва пайваста андешидани чораҳои зарурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар назди ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз вазифаҳои навбатӣ барои соли 2024 дониста мешаванд.

Фирдавс Толибзода миннатдории кормандони низоми бонкиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии доимии низом дар рушди бемайлони иқтисодиёти кишвари маҳбубамон изҳор намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар таъмини рушди устувори иқтисоди Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив