БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”
ДАСТИ САХОИ МОДАР
“Худо умри Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмона дароз кунад. Агар ҳамин заминҳои президентиро ҷудо карда намедод, дар ин кашокаши тақдир, ҷангу хунрезӣ, қаҳтию гуруснагӣ ҳоли мову фарзандон ва набераҳомон чӣ мешуд? Ҳазорсола шавад. Дар хоки пош садқа. Ҳамин замин ҳузури ҷони аҳли хонадон шуд. Гандум ҳосили хуб дод. Пойи ҳаққу ҳамсоя аз дари хонаамон канда нест. Хайр, замони вазнин, мардум як бурда нони хӯрдан надорад. Як сатил - ним сатил гандум хайр мекунем ба онҳо. Чӣ чора, ҳамин ҷанги бемаънӣ ҳамаро сарсону овора ва муҳтоҷи як пора нон кард”.
Пиразан, ки мӯйҳои барфосо сафедаш аз зери рӯймоли гардии қирмизиаш намоён буд, гандум тоза мекард ва чангу ғубор бар мӯйҳояш менишаст.
Вай гандум ғалбер мекарду хаёлу хотираш ба замони дури ҷавонияш, ки ба хонаи 30 қадам мегузошт, рафта дакка мехӯрд. Як он пеши назараш навҳаю фиғони фарзандони хурдсолаш – Нозгули сесола ва Бобокалони панҷсола падидор гардида, беихтиёр ашк аз чашмонаш мерезад, лаҳзае ғалбер дар даст карахту ноҷунбон ба кунҷи ҳавлӣ менигарад...
Ҷанг идома дошту шавҳари ҷавонзанро ба ҳифзи марзу буми Ватан даъват карданд. Дар деҳ аҳвол бас сангину нохушоянд, нон нест, одамон азоби гуруснагӣ мекашанд, мемиранд. Ҳамин субҳ вай – Мамлакати резапайкару абрӯсиёҳ, ки чеҳраи моҳтобияш дар офтоб сӯхтаву аз ғаму ҳасрати бепоён ва гуруснагӣ лоғару бемадор шудааст, назди имтиҳони сарнавишт оҷизу нотавон монданашро бағоят амиқ ҳис кард. Нозгулу Бобокалонаш баробар “нон, нон” гуфта, фарёду фиғон мекашиданд. Мамлакат ба хонаи чанд ҳаққу ҳамсояи ба қавле “дилобхӯр”-и дорову то ҷое “молу ҳолдор”-аш сар халонд, илтиҷо кард, ки фарзандонаш дар дами марг қарор доранд. Аммо муроде ҳосил нашуду дар кафаш бод ба хона баргашт. Баргашту нолаҳои ҷонгудози Нозгулу Бобокалон чу теғ бар ҷигараш халида, аз ноилоҷию забунӣ гирист. Гиристу дилашро холӣ кард. Баъд илоҷи воқеаро ҷустанӣ шуда, ба хаёл рафт. Чӣ кор кунад? Ба куҷо равад? На тут монду на гелосу олуболу. Меваҳоро нимхом мардум чида, хӯрданд. Чанд рӯз қабл ҳамсояаш Сайрамбӣ мотам дошт. Яккаписараш Салими хурдсол аз гуруснагӣ мисли фарзандони Мамлакат менолиду мӯя мекашид. Ҳафтае аз бенонию гуруснагӣ сабру қарорро аз даст дода, ба кадом кӯю дар сар заданашро намедонист ҳамсоязан. Ниҳоят аз хонаи апааш, аз деҳаи ҳамсоя як коса нахӯд пайдо карда овард. Оварду онро дар намакоб ҷӯшонда, ба писарчааш хӯронданӣ шуд. Ибтидо беҳавсалаю майл каме шӯрнахӯд ба даҳон бурд писарчааш, баъд рӯ гардонд. Модар аз паси кори рӯзгор шуду писарак дафъатан аз болин сар бардошта, косаи шӯрнахӯдро ҷуст. Хости тақдир, якбораву нохоста ба иштиҳо омада, як коса нахӯди шӯрро пок-покиза хӯрда, ташна мемонад писарак. Ташна мемонаду базӯр-базӯр қадам зада, ба назди сатилҳои пуроб мерасад ва сарпӯши сатилеро бардоштаву хам шуда, аз оби зулолу софи он менӯшаду менӯшад. Як вақт шикамаш дамида, нафасгирияш душвор мегардад. Оҳиставу бесадо дар рӯйи суфаи зери шоҳтути бузург дароз мекашад писарак ва... дигар намеҷунбад, ҳатто овоз намебарорад. Модар барои бурдани сатили об меояд ва писарчаашро дар чунин вазъ дида, банди изтиробу ҳаяҷон сӯяш медавад.
– Ҷони оча, чият шуда? – ваҳшатзада мепурсад зан, аммо дар ҷавоб на ҳарфе, на овозе.
– Ку бихез, бачам, – писаракро ба оғӯш гирифта, хитоб мекунад модари шӯрбахт.
– Гап зан, чият шуда?
– Чашмонатро кушо, бачам. Э, дар шикамчаи бӯйи нон надидаат ҷонам, шаҳбачае, – мегӯяд.
Дигар писарак гӯё забонаш ях баста бошад, овоз намебарорад ва чашмонаш боз... модарро ба ғам гирифтор мекунад. Марги ногаҳонии писарак барои модар талху аламовар буд.
Мамлакат ин воқеаро шунида, чанд рӯзест, ки дар гирдоби ғам гирифтор, синааш таҳ ба таҳ зардоб гардидааст.
Вай дар деҳ аз давраҳои арӯсияш бо ҳунари дӯзандагӣ ном бароварда, барои занону духтарон курта медӯхт. Ҳунари дарздӯзӣ дошт, сӯзаниҳои дӯхтааш хонаҳои арӯсонро зебу оро медод. Раису деҳдор низ аз ҳунари дастони ӯ хуб огаҳӣ доштанд. Зани раис чанд дафъа барои духтаронаш курта дӯзонда буд. Дар тӯйи писараш зардӯзию сӯзанӣ фармуда буд ба Мамлакат. Дӯст медошт Мамлакатро ҳамсари раис.
“Ҳарчи бодо бод, меравам ба хонаи раис. Яке Худо дар дилашон раҳму инсофа бедор мекунад?”
Вай ба Бобокалон фаҳмонд, ки хоҳарчаашро хуб нигоҳ кунад, ҳамин ҳоло нон ёфта меорад.
– Тоқат кун, бачам, – бо оҳанги нарму навозишкорона гуфт Мамлакат. – Як дам пас нон меорам. Нонро хӯрда гурусна буданатонро зуд фаромӯш мекунед. Эҳ, хок дар сари азобҳои очат...
Мамлакат рӯймоли калони гардӣ даври сар печонда, камзӯли сиёҳфомро аз болои куртаи чити рангбохта ба бар карду роҳ ҷониби хонаи раис гирифт. Ҳангоме ки вай сар-сари наҳри калон ба хонаи раис, ки дар поёни деҳа ҷойгир шуда буд, расид, аз ҳайрати ошкоро чашмонаш боз, на пеш қадам зада метавонисту на қафо. Назди дарвозаи чӯбкории раис ончунон мардуми бешуморе паси якдигар саф кашида, бетоқатона талоши аз ҳам пеш гузаштану зудтар ба хонаи раис даромадан мекарданд,ки дар ҳисоби онҳо – келинчаку ҷавонзан, занони миёнаумру пиразанон ва чанд марди маъюби аз ҷанг баргаштаву мӯйсафедон кас дар мемонд. Сафи беохири мардуми деҳ то роҳи калон рафта мерасид.
“Ё Худоё”,-аз дил гузаронд Мамлакат, бо ин аҳвол то навбати ман мерасад, ки Нозгулу Бобокалон аз гуруснагӣ ҷон месупоранд. Чӣ кор кунам? Оҳ Худо...”.
Вай рӯймоли гардиро ба пешонияш кашида, қадаме чанд фаротар ниҳод.
- Аз паси ман меистӣ, - бо оҳанги хашин, норозиёна фаҳмонд ба ӯ Саидмуроди аз як даст маҳрум. - Қариб 100 кас навбат мепояд. Мамлакат боз гоме пештар гузоштанӣ шуд.
- Пеш нагузар, - дод зад Саидмурод, навбат навбат аст. Мефаҳмӣ ё не?
Мамлакат каноре истода, оламу одамро фаромӯш карда, ба гиря даромад. Ашк ба рухсораҳояш мешорид, вай чашмони замоне пурдурахшу зебояшро, ки дар умқи онҳо ғами бепоёне нуҳуфта буд, аз навбати одамон, ки дар моварои зиндагӣ ва марг қарор доштанд, наканда, оҳи сӯзон аз ҷигар берун мекашид. Дигар ба ҳоли забуну риққатовари хеш таваҷҷуҳ намекард. Оби дидагонашро пок ҳам намекард.
“Наход 100 нафар ин ҷо, назди хонаи раис навбат истода бошад? - банди тардиду шубҳа аз худ пурсон шуд зан. Ин чи рӯзи сиёҳ аст. Магар ҷанг ҳамин аст? Кӣ хезонд ҳамин ҷанга? Чӣ мехоҳад вай – фашисти бачамурда? Чӣ?!”
Мамлакат зери Офтоби сӯзон хеле азоб кашида, мушоҳида мекард, ки навбат ба кундӣ пеш меравад. Дилаш заъф карду сараш чарх зад ва пеши чашмонашро пардаи тирагӣ фаро гирифт. Вай каноре, болои сабзаи ҳолиё сӯхтаву зардшуда нишаст. Пасон фикре ба сараш омада, аз ҷо бархост ва зуд-зуд қадам зада, ба навбатбудагон эътиборе надода, ба сӯйи дарвозаи раис шитофт. Одамон бо танаффур ва ғазаби ошкоро ба ӯ менигаристанд ва шунавою ношунаво суханҳое ба забон меоварданду носазояш мегуфтанд. Вай гӯё бол бароварда парвоз мекард. Аз дари раис даромада, арақҳояш рез- резон, бо нигоҳи имдодталабона ҳамсари раисро ҷустанӣ шуд. Ва... бахташ омад карда, ӯро назди оташдон дид, ки ба духтару келинаш чизеро мефаҳмонд. Зуд худро ба назди ҳамсари раис расонда, бе ҳеҷ муқаддима аз вазъи даҳшатангези басарашомада нақл кард. Гиристу гирист.
- Ҷон, янгаҷон, - илтиҷо кард вай,- бачаҳаком мемиранд. Як пора нон...
Мамлакат дигар ҳарфе ба забон оварда натавонист. Ҳамсари раис, зани болобаланди сабзина қафо гашт. Ва... воаҷабо, дар даст кӯрпачаи нимдӯхти оҳарӣ қадамзанон ба Мамлакат наздик шуд.
- Мардуме, ки дар берун навбат поида истодаанд, аз рафтори ту ба шӯр омада, ба ягон бало гирифторат мекунанд, - фаҳмонд вай ва афзуд:
- Барои ҳамин як нони гандумиро дар байни ин кӯрпача гузоштам. Бигиру тез ба хонаат рав. Агар пурсанд, ки чӣ кор доштӣ, бигӯ, ки кӯрпачаи зани раиса дӯхтанам даркор. Фаҳмидӣ? Ҷонат бо ҳамин баҳона халос мешавад.
Мамлакат ҳаросида, пакару ошуфта кӯрпача дар даст аз дари раис баромад ва ибтидо ором-орому оҳиста-оҳиста қадам бардошта, сипас аз зери чашм ба одамон нигариста, бо аҷала гом ниҳода, ба сӯйи хонааш роҳ пеш гирифт. Вай дубора аз хурсандӣ, аз ин бахти ногаҳонӣ, ки насибаш гардида буд, ту гӯйӣ бол бароварда, ба парвоз даромада, ба тохтан даромад. Ҳаш-ҳашкунон, нафас дар гулуяш гиреҳ зада, оқибат дари дутабақаи чӯбини фарсударо кушода, сӯйи хонаи хоб давид. Ҳангоме ки аз дари хона даромад, манзараи ногувору фоҷиабореро бо ду чашми сар дид. Бобокалон такя ба сандуқ, нигоҳи чашмонаш бефарқ, ором буду Нозгул каноре дароз кашида. Вай нони гарму нарми хушбӯйро аз мағзи кӯрпача гирифта, пораи калонеро аз он бишкаста ба Бобокалон дароз кард:
- Хӯр, бачам, тез-тез хӯр. Охир, қариб аз гуруснагӣ ҳалок мешудие.
Бобокалон нонро бо ҳирси тамом мехӯрду даҳонаш пур аз болои он боз пораи дигарро зер мекард.
Аммо...
Нозгул бо чашмони бози нигоҳаш яхбаста рӯйи гилеми нимдошт беҳаракат мехобид. Ҷисми кӯчакаш сард буд.
Х Х Х
- Чӣ ба фикру хаёл рафтӣ, оча?
Овози Бобокалон, ки марди зоҳиран 50-55-сола, қадбаланду фарохшона буд, пиразанро аз олами ёдҳои ғамангез берун овард. Вай ғалберро каноре гузошта,чангу ғубори куртаашро афшонда, бо ҳавас ба писараш нигарист.
- Эҳ, Бобокалони ҷони оча, - ба забон овард модар, риштаи умрат дароз будааст, ки ба ин рӯзҳо расидӣ.
Ва оҳи бадард кашид:
- Аҷал ба Нозгул раҳм накард, ғӯрамарг шуд вай.
- Медонӣ, Бобокалони оча, ҳазор марта шукр мекунам ба даргоҳи Худованд. Рӯзҳои сангин паси сар шуданд. Ун ҷанг ҳам гузашт. Рӯзҳои вазнини ҷанги дохилӣ ҳам паси сар шуданд. Хидматҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон калон аст, бачем. Худо умрашро дароз кунад. Соҳиби духтару писарон, набераҳову абераҳо шудем. Шукр, ҳазорон шукр.
Ва чизе ба ёдаш расид, ки оҳиста аз ҷо бархост:
- Дар зиндагӣ фақат як амал мемонад аз одам. Бачам, ба одамон то аз дастат меояд, хайру некӣ кун. Худованд накукоронро бе подош намемонад. Ҳа-а...
Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ба номи С. Айнӣ
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)