ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУҶАНД. ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 90-СОЛА МЕШАВАД

ХУҶАНД. ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 90-СОЛА МЕШАВАД

15 август 2024, Панҷшанбе
21
0
Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳми он дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад. Авиатсия – фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад. 
Эмомалӣ РАҲМОН
Моҳи сентябр ба таъсисёбии авиатсияи граждании Тоҷикистон 100  ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 90 сол пур мешавад. Мавриди зикр аст, ки 3-юми сентябри соли 1924 нахустин ҳавопаймои тамғаи Ю-13 аз Бухоро парвоз карда, ба Душанбе омад. Шуруъ аз ҳамин рӯз ҳар сол 3-юми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун  Рӯзи авиатсия  қайд карда мешавад.
Миёни ҳама намуди нақлиёт маҳз авиатсия дар хоҷагии халқи мамлакат аввалин шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Баъд аз  ду сол нақлиёти автомобилӣ ва пас аз панҷ сол қатора ба пойтахти Тоҷикистон омад. 
Авиатсияи граждании Тоҷикистон гарчанде таърихи садсола дорад, вале дар кишвари мо, асосан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” низ аз баракати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба марҳалаи баланди рушд расид. Дар ин давра авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох кард. Ба роҳ мондани парвозҳо қариб ба 30 кишвари дуру наздик  ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ далели гуфтаҳост. 
Дар ин солҳо Фурудгоҳ бо роҳандозии  тадбирҳои навсозии куллӣ  симои худро ба хубӣ тағйир дода, ба яке  аз беҳтарин фурудгоҳҳо дар минтақа табдил ёфт. Барои мутобиқ намудани Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд.
Корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳ ба истиқболи санаҳои фархунда низ идома доранд. Аз ҷумла, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар Фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ ва Маҷмааи зебову замонавии “Кайҳон”, ки аз ошхонаву тарабхона ва меҳмонхона иборат мебошад, дар марҳалаи анҷомёбист. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур туҳфаи хубе хоҳад шуд ба истиқболи 100-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд.  
Аз корҳои мондагору таърихие, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд анҷом пазируфт, бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Фурудгоҳ Қурбони Алимардон дар саҳни Фурудгоҳ бунёди Маҷмааи таърихиву ёдгории “Дуои модар” мебошад. Маҷмааи мазкур ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ, эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба модар қомат афрохтааст.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷомеаи меҳнатии Фурудгоҳ бо шукргузорӣ аз истиқлолу оромӣ ва фазои мусоиди корӣ 100-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 90-солагии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро истиқбол намуда, баҳри пешрафти соҳа аз собиқадорону устодон сабақ омӯхта, саҳмашонро барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсияи мамлакат хоҳанд гузошт. 
 
Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият”,
Сино ҒАФУРӢ, 
мутахассис оид ба ҳамкорӣ бо 
ВАО-и ҶСК “Фурудгоҳи 
байналмилалии Хуҷанд”
Санаи нашр: 15.08.2024 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив