ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ТАҚВИЯТИ НУФУЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ТАҚВИЯТИ НУФУЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

19 август 2024, Душанбе
20
0
 
Вақтҳои охир шумораи бештари одамон шабакаи нейронии ChatGPT-ро истифода мебаранд, ки қобилияти тавлиди матн ва тасвирҳоро дошта, барои ҳалли вазифаҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Тарзи кори сода ва қулайи шабака истифодаи онро барои истеъмолгарон ҷолибтар месозад. Вобаста ба дархост, ChatGPT метавонад дар муддати кӯтоҳ мақола нависад ё тамоми маълумоти заруриро дар мавзуи интихобшуда пешниҳод созад. Мехоҳед шеър нависед, лоиҳаи тиҷоратӣ тартиб диҳед, бозорро таҳлил кунед ё коди барнома нависед? Ҳамаи ин корҳоро шабакаи нейронӣ метавонад ба ҷойи шумо амалӣ созад. Суҳбат бо ChatGPT аз суҳбат бо дӯст фарқ надорад, ба истиснои он ки, шабакаи нейрон ҳамеша ба таври возеҳ, бидуни эҳсос ва хасташавӣ ба саволҳои шумо посух медиҳад.
ChatGPT, аллакай, ба бисёр одамони саросари ҷаҳон мадад мерасонад, то вазифаҳои гуногунро бо як дархост одӣ ва олӣ ҳал созад. Аммо барои тоҷикон як мушкил вуҷуд дорад: ChatGPT забони тоҷикиро намедонад. Ин ба истифодабарандагони забони тоҷикӣ чӣ таъсир дошта метавонад? Мо барои дарёфти посух ба ChatGPT муроҷиат кардем. 
ChatGPT: "Ман тоҷикӣ ҳарф намезанам, ин метавонад, дастрасии тоҷикзабононро ба захираҳои бузурги иттилоотӣ ва дигар имкониятҳои ман, мисли тавлиди матну суратҳо маҳдуд кунад. Тоҷикон маҷбуранд, ки бо забонҳои русӣ, англисӣ ё дигар ба ман муроҷиат намоянд, аммо дар асоси забони худ матлаби дилхоҳ дарёфт намекунанд".
Дастрас набудани забони тоҷикӣ дар шабакаҳои нейронӣ, воқеан, мушкили ҷиддӣ аст. Мисол, ChatGPT ба осонӣ шеърро дар сабки шоири рус Александр Пушкин эҷод менамояд, аммо сабки шоири тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакиро намедонад. Ё оид ба қонунҳои миллии Тоҷикистон ба корбар иттилои саҳеҳ дода наметавонад.  
- Оё вазъи мавҷуда метавонад дар рушди соҳаи технологияи иттилоотии Тоҷикистон монеа, яъне мушкилии техникӣ гардад?
ChatGPT: "Агар забони тоҷикӣ аз ҷониби зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои нейронӣ дастгирӣ нашавад, метавонад ба бунбасти фарҳангӣ ва иттилоотӣ мусоидат намуда, ҳамгироии онро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкил созад. Дар асри рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ маҳдудияти забон метавонад, монеи рушди ҷомеа гардад".
Моделҳои забонӣ ба забонҳои англисӣ, чинӣ ё испанӣ асос ёфтаанду фаъолона рушд мекунанд. Забонҳои кишварҳои хурд ё рӯ ба рушд аз диққати зеҳни сунъӣ берун мондаанд. Ин маънои онро дорад, ки гӯяндагони ин забонҳо наметавонанд, абзорҳои муосири зеҳни сунъиро барои эҷоди мундариҷа ё таҳияи маълумот бо забони модарии худ истифода баранд.
- Ворид нашудани забони тоҷикӣ ба шабакаи нейронӣ хуб аст, зеро забон махлут намешавад, ҳамин тавр не?
ChatGPT: "Мавҷуд набудани забони тоҷикӣ дар шабакаи нейронӣ метавонад, ба рушди стартапҳои маҳаллӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия мусоидат намояд. Таҳиягарони маҳаллӣ имкон доранд, системаҳои зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои нейронии миллиро бо назардошти хусусиятҳои фарҳангии забони тоҷикӣ эҷод кунанд".
Ин посухи ChatGPT дар ҳаёти воқеӣ тасдиқи худро ёфтааст. Аввалин стартапи тоҷикӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ – “Somoni GPT”, нахустин модели миллии шабакаи нейронӣ дар Тоҷикистон аст. Он аз ҷониби ширкати “Tcell” таҳти роҳбарии барномасоз Алишер Азизов таҳия мешавад ва ба роҳ мондани модели таҷрибавии он охири соли 2025 дар нақша аст. “Somoni GPT” зиёда аз 20 забонро медонад, таҳлили маълумот, тавлиди матнро бо забони тоҷикӣ иҷро хоҳад кард, ки ба маъруфият ва рушди забони тоҷикӣ дар фазои зеҳни сунъӣ мусоидат хоҳад намуд.
Хулоса, набудани забони тоҷикӣ дар системаҳои байналмилалии зеҳни сунъиро метавон камбудӣ ҳисобид, аммо ин мушкил барои нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ ва забонӣ мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, барои рушди устувори забони тоҷикӣ муҳим аст, ки забони мо ба шароити муосир мутобиқ ва ба ҷаҳони рақамӣ ворид шавад. Дар оянда шабакаи нейронӣ тавонад ба забони тоҷикӣ имкониятҳои васеътар фароҳам оварад ва аҳамияти онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад.
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив