ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ТАНТАНАИ ИДОНА
9-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки сокинони сарбаланди вилоят бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд мегузоранд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаи идонаро ба муносибати солгарди 33-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳ ва рангини консертӣ идома дод.
Устодони санъат ва ҳунармандон бо таҳияи чорабинии фарҳангӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва музаффариятҳои мардумро зебову дилрабо таҷассум намуданд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)