МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОЛАФ ШОЛС
17-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолс вохӯрданд.
Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати робитаҳои Тоҷикистону Олмон, дигар кишварҳои Аврупо ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои миллии кишвари мо таъкид гардид.
Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, навсозии НБО «Норак» ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони НБО «Роғун» низ идома ёбад.
Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд.
Олаф Шолс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои "неруи сабз", саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст.
“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем”, – таъкид дошт Олаф Шолс.
Роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.
Таъкид шуд, ки бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили амну субот дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фароварди вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолс даъват намуданд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)