ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҒАМХОРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ

ҒАМХОРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ

27 сентябр 2024, Ҷумъа
25
0
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ эътироф шуда, ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонӣ гардид.
23-юми сентябри соли равон дар Ҳамоиши Оянда дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сарвари давлат боз як ташаббуси муҳимро пешниҳод намудаанд. Ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, ҳифзи сиҳатии омма, рафъи камбизоатӣ, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ доир гашта буд. Зимни суханрониашон Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои вобаста ба халъи силоҳ, назорати аслиҳа ва хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният ҳамоно таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамоянд.
– Ҳамзамон бо ин, зарур мешуморем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд, – иброз намуданд Сарвари давлат.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ба андешаи таҳлилгарон, пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи қабули «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» метавонад ҳамчун як қадами муҳим барои таъсиси муносибати системавӣ ва дарозмуддат дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва пешгирии таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ бошад.
Пеш аз ҳама, чунин пешниҳод метавонад нақши марказии СММ-ро ҳамчун миёнрави асосӣ дар масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъҳо тақвият диҳад ва аз шиддат гирифтани низоъҳо ҷилавгирӣ кунад. Чунки бо вуҷуди механизмҳои мавҷудаи сулҳсозӣ, бо назардошти таҳдидҳои муосир, ба монанди терроризм, экстремизм ва тағйирёбии иқлим, меъмории ҷаҳонии сулҳ ба навсозӣ ниёз дорад.
Дувум, ин раванд метавонад ҳамкории зичтари миёни кишварҳоро дар масъалаҳои мубодилаи иттилоот ва тақвияти иқтидор дар пешгирии терроризм ва экстремизм ташвиқ кунад. Муҳимияти созишномаҳои байналмилалӣ дар он аст, ки он ба кишварҳо кумак мекунад, то кӯшишҳои худро ҳамоҳанг созанд ва якҷо пайи ҳалли мушкилот шаванд.
Сеюм, пешниҳоди Президент ба пайомадҳои дарозмуддати иҷтимоӣ ва иқтисодии низоъҳо ишора мекунад, ки ба рушди устувор монеъ мешаванд.
Бинобар ин, ташаббуси мазкур барои таъмини амният дар сайёра мусоидат карда, ҳамкории байналмилалиро тақвият мебахшад ва ояндаи устувору осоиштаро барои наслҳои оянда таъмин менамояд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив