ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИННАТДОРИИ ХУДРО БА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ МЕРАСОНАМ

МИННАТДОРИИ ХУДРО БА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ МЕРАСОНАМ

02 октябр 2024, Чоршанбе
6
0


Ман 10-уми январи соли равон ба шаҳри зебои Душанбе, ки онро сидқан дӯст медорам, сафар кардам. Шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолии кишвар куллан тағйир ёфта, боз ҳам дилработар гаштааст. Ин ҳама ободию пешравӣ ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти мардумӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ  мебошад. Зебоии шаҳру хурсандии сокинонро дида, хушҳол шудам ва як лаҳза хаёлам  ба  гузаштаи на чандон дур рафт. Ба гузаштаи талхи миллати тоҷик.
Пӯшида нест, ки дар даврони аввали соҳибистиқлолии кишвар душманони давлат ва  миллат тавонистанд Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашанд. Дар он рӯзҳои даҳшатбор, ҳазорон-ҳазор ҷавонони бегуноҳ қурбон шуда, мардуми зиёд бехонаву дар гашта, ҳайрону  сарсон Ватанро тарк карда, гуреза шуданд.  Агар вазъият ҳамин тавр идома меёфт, шояд, миллат нобуд мешуд. Дар он вазъияти ниҳоят мураккаб аз тарси ҷон бохтан касе ҷуръат намекард, ки зимоми давлатдориро бар дӯш гирад, зеро овозаи фалон сиёсатмадору фалон сарватманд кушта шуд, ҳар лаҳза ба гӯш мерасид. Хушбахтона, дар он лаҳзаҳои барои миллат ниҳоят душвор, бо инояти Парвардигор, ҷавони хушқаду қомат ва саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсат гардида, ҷони худро дар хатар гузошта, зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд.  Баъд аз саъю талошҳои зиёд ба Сарвари ҷавони дили бузургдошта муяссар шуд, ки Тоҷикистон ва миллатро аз вартаи ҳалокат берун барорад ва сулҳро дар кишвар барқарор созад. 
Пешвои миллат ҳамеша бо халқ ва дар миёни  халқ аст. Аз ин рӯ, Президенти мо хислати мардумӣ доранд. Ҷаноби олӣ беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намуда, ба халқ хидмат мекунанд. Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ доштанд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. 
Худо Сарвари давлатро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Дар ин умри 85-солаам аксар роҳбарони аввалро дидам ва дар хотир дорам. Ҳама инсонҳои хуб буданд, вале касеро чун Эмомалӣ Раҳмон раҳмдилу халқдӯст ва ташаббускору ободкор надидам.
Имрӯз дарк кардам, ки барои чӣ Сарвари давлат ҳамеша аз сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватан сухан мегӯянд, чунки Ватан ва халқи азизашонро сидқан дӯст медоранд. 
Бинобар ин хидматҳои шоистаи таҳсин, ки Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон кардаанд, ман ҳамчун як фарди куҳансоли Ватан, миннатдории худро ба Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам.
 
Сафаралӣ НАЗАРОВ, 
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Санаи нашр: 02.10.2024 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив