ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРОНИ ХЕШРО ЭҲТИЁТ КУНЕД

МОДАРОНИ ХЕШРО ЭҲТИЁТ КУНЕД

17 октябр 2024, Панҷшанбе
1
0


Ҳар сол айёми фарорасии фасли баҳор, вақти гулгулшукуфии дарахтон, сабзидани майсаҳо, ба худ ҳусни дигар гирифтани табиат модарам меояд ба ёд; ҳангоми оғоз ёфтани киштукор, ба гӯш расидани овози парандаҳои хушхон, софу беғубор гаштани осмон, паси сар шудани зимистон маро хаёли модар ба оғӯш мегирад, зеро маҳз дар ҳамин айём ман аз модари мунису ғамхор ҷудо гашта будам. Боварам намеомад, ки аз меҳру шафқати беназираш як умр маҳрум гаштаам.
Дар хусуси модару хислатҳои ҳамидааш гуфтаниҳои зиёд дорам. Агар ҳамаи онҳоро рӯи коғаз орам, рӯзҳо шаб мешаванду шабҳо саҳар. Лекин танҳо ҳаминро гуфтаниям: нисбат ба онҳое, ки чунин гавҳари ноёбро доранду ҳурматашро ба ҷой намеоранд, , дар ҳаққаш суханони носазо мегӯянд, нафратам меояд. Аз шунидани он ки, ҷавонон ба аёдати волидайн намераванд ва ё падару модари хешро ба хонаи калонсолон супурдаанд, дилам ба дард меояд, қаҳру ғазабам дучанд мегардад. Имрӯзҳо аксар ҷавонон ҳангоми дар ҳаёт будани модари худ ба қадраш намерасанд, чун ӯро аз даст медиҳанд, ба худ омада, аз кардаи худ пушаймон мешаванд, лекин, аллакай, дер шуда ва он ҳама афсусхӯриҳо суде надорад. Халқ мақоле дорад: «Баъди табу тез – қайла куну рез». Ин ба он маъност, ки пас аз муҷмал гаштани кору барбод рафтани ҳадаф, ҷустани тадбир фоидае надорад. Ё ба таври дигар гӯем рафтори ношоистаи содиршударо ислоҳ кардан имконнопазир аст, чунки тири аз камон ҷастаро наметавон баргардонд. Ман бо ин гуфтанӣ ҳастам, ки баъзе шахсон ҳангоми дар ҳаёт будани модари худ, аз рӯи гуфту фармони вай амал намекунанд, хоҳишашро ба ҷой намеоранд.
Бисёр мехостам, ки ҳар фарзанд ба модари худ меҳрубон, нигаҳбону пушту паноҳаш бошад; нисбат ба ӯ озорро раво набинад, ба рӯи дасташ бардорад, тамоми дороияшро ба зери пояш нисор кунад, хизматашро бо хушнудӣ ба ҷо оварад, қарзашро дар назди ӯ адо намояд, то ки баъди бо ҳаёт падруд гуфтани ин гавҳари ягонаву ноёб, дар дилаш армоне намонад.

Саиднабӣ  НАҶИМӢ,
рӯзноманигор

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив