ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. СОХТМОН ДАР СОЛИ 2024 РУШДИ БЕСОБИҚА ДОШТ

СУҒД. СОХТМОН ДАР СОЛИ 2024 РУШДИ БЕСОБИҚА ДОШТ

10 январ 2025, Ҷумъа
22
0


Имрӯзҳо дар кишвар он қадар иншооти  гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ бунёд меёбанду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки давоми 50-60 соли охир ба назар нарасидааст. Сохтмони чунин иншоотҳои муҳим на фақат дар  шаҳрҳои бузург, марказҳои вилояту навоҳӣ, балки дар дурдасттарин рустоҳои ҷумҳурӣ низ  мушоҳида мешавад.

Мақсуд Умаров, сардори идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба суоли он ки соли 2024 аз лиҳози бунёди сохтмони иншоотҳо чӣ гуна сол буд, бо  қаноатмандӣ чунин посух гуфт: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ соли 2024 аз муваффақтарин соли сохтмон аст. Зеро ҳамаи он нақшаҳои тарҳрезишуда барои соли 2024 сари вақт ва босифат амалӣ гашта, иловатан даҳҳо иншооти зарурии аҳамияти ҷамъиятидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва сохтмони боз қисми дигари онҳо идома дорад. Яке аз муҳимтарин омилҳои афзоиш ёфтани корҳои сохтмонӣ дар соли гузашта ин сари вақт ҷудо кардани маблағҳо ва дастрасии он буд, ки ҳавасмандии ширкатҳои сохтмонии вилоятро дучанд кард”. 
Соли 2024  дар соҳаи мудофиа  дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо номи “Наврӯз” дар  ноҳияи Зафаробод, “Понғоз” дар ноҳияи Ашт, “Боғистон”, “Чоркӯҳ” ва  “Зумрад” дар шаҳри Исфара ва чандин иншооти дорои аҳамияти мудофиавӣ дар вилоят бо сифати баланду ҷавобгӯйи замон бунёд ёфтанд.  
Чун ҳамешагӣ соҳаи маориф аз самтҳои афзалияноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад ва дар ин ҷода  корҳои зиёди сохтмонӣ анҷом меёбанд. Соли 2024 дар шаҳру  навоҳии Истравшан, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ашт, Спитамен, Шаҳристон, Мастчоҳ ва Зафаробод, дар маҷмуъ, ба маблағи беш аз 46 миллион сомонӣ мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш сохта, ба истифода дода шуданд.
Соли сипаригашта ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити табобатии муштариён ва фаъолияти кории табибони вилоят кӯшиш ба харҷ дода шуда, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии шаҳру навоҳии вилоят ба маблағи наздик ба 14 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, солҳои дароз  Маркази саратоншиносии вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд ба бинои нави замонавӣ ниёз дошт, ки ниҳоят чунин бино бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гашт. Дар ин радиф, дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ва деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич сохтмони беморхона анҷом ёфта, дар  шаҳри Хуҷанд бунёди бинои иловагии Беморхонаи клиникавии эндрокринологии ба номи Ҷаҳон Набиев, навсозии  дармонгоҳ дар шаҳри Конибодом ҳам бо сифати ҷавобгӯй ба талаботи давру замон ба сомон расид.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳамеша  даъват ба амал меоваранд, ки бояд мардуми кишвар дорои саводи хубу соҳибфарҳанг ва аз лиҳози тарбияи ҷисмонӣ солиму чолок дар ҷомеа бошанд. Барои расидан ба ин ҳадафи нек, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди мактабу қасрҳои фарҳанг маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Фақат дар соли 2024 ба хотири бунёду таъмири иншоотҳои фарҳангию варзишӣ маблағи бештар аз 160 миллион сомонӣ дар вилоят ҷудо шуд, ки сол ба сол раванди зиёдшавӣ дорад. 
Бино ба  иттилои  сармутахассиси пешбари  шуъбаи сохтмон ва меъмории  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рауфшейх Қобилшейхов,  то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва тармими 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирфта шудааст.  Солҳои 2022-2023 ва 11 моҳи соли 2024 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 8 ҳазору 399 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят идома дошта, рӯз ба рӯз симои кӯчаву маҳалла, деҳот ва шаҳраку шаҳрҳо ба куллӣ тағйир  меёбанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд минбаъд низ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад.

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 09.01.2024 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив