5-УМИН ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ПАҲНОИ ОЛАМ
23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар самти сиёсати хориҷӣ низ, мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқӣ ва пайваст гардидани кишвар ба равандҳои глобалии рушди ҷомеа, яке аз бахшҳои муҳими сиёсати хориҷӣ арзёбӣ гардид. Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Пешвои миллат бори дигар нақши Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои бунёдии онро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
Пиряхҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, қариб шаст дарсади ҳаҷми оби дарёҳои онро таъмин менамоянд. Мутаассифона, тағйири иқлим ба обшавии бовусъати онҳо мусоидат карда, ба захираҳои бебаҳои об талафоти ҷиддӣ мерасонад. Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхи калону хурд мавҷуд буд, вале бар асари гармшавии иқлим, фақат тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазортои он аз байн рафт.
Бо назардошти оқибатҳои ҷиддии экологии ин зуҳурот масъалаи ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ низ, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим аз минбари созмонҳову ҳамоишҳои гуногун пайваста ба самъи ҷомеаи байналмилалӣ расонда мешавад. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2009 дар Ҳамоиши III умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева ва Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбиии иқлим дар Копенгаген манзур гашта буд.
Хушбахтона, 14-уми декабри соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Зикр кардан зарур аст, ки бо вуҷуди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани силсилаи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили марбут ба об, ӯ бар он андеша аст, ки дар ин самт масоили зиёде мавҷуданд, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Махсусан, масъалаҳои истифодаи боадолатонаи об дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақа, кӯли Сарез, ҳифзи пиряхҳо ва ғайра аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.
Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозад, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, воқеан, мақоми пешсафиро ишғол менамояд.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷмуъ, барои инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро ҷиҳати таъмини ҳаёти арзанда эҷод менамояд.
М. А. АКМАЛОВА, профессор,
декани факултети сиёсатшиносӣ ва
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)