САДА. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР СУҒД
Таъкид гардид, ки Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузъи фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тули қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму оинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст. Ҷашни фархундаи Сада дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷашни Сада моҳиятан таҷассумгари ғояҳои неки башардӯстона, дӯстию бародарӣ, шодию хурсандӣ ва некиву некукорӣ буда, мардумро ба заҳмати созанда ва ободонию бунёдкорӣ даъват менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳикмати ин Ҷашни бостониро пирӯзии гармӣ бар сардӣ, равшанӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он қосиди сипарӣ гардидани фасли зимистон ва наздик омадани фасли баҳор мебошад.
Дар идгоҳ, аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят хаймаҳо ва растаҳои маҳсулоти кишоварзиву ҳунармандӣ ороста шуда, инчунин, сарраёсати кишоварзӣ, сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллии худро ба намоиш гузошта, ҳунармандону кандакорон, оҳангарон ва сӯзанидӯзону тарроҳон ва деҳқонони заркори вилоят дастранҷи меҳнати худро пешкаши меҳмонон гардонданд.
Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Сада, ҳамзамон, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид. Дар Ҷашни Сада оташ афрӯхта шуд ва гурӯҳи ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят барои шодии иштирокдорон шеъру сурудҳо дар васфи ин Ҷашни қадимаи миллати тоҷик сароиданд ва табъи меҳмононро болида намуданд.
Ҷашни Сада иди кишоварзон буда, мужда аз омодагиҳо ба киштукори баҳориро медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ин рӯз кишоварзони вилоят ҳосили ҷамъовардаи худро ба намоиш гузошта, тухмиҳои хушсифати пахта, гандум ва ғайраро пешкаши сокинон намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, хабар дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»