ИНТИХОБОТ БАЁНГАРИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД АСТ
Дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳодҳо ва унсурҳои муайяне мавҷуданд, ки барои рушди ҷомеаву давлат, устувории пояҳои давлатдорӣ, таъмини субот, некуаҳволии мардум, амалисозии муносиби вазифа ва ҳадафҳои давлат мусоидат менамоянд. Яке аз ин падидаҳо интихобот аст, ки дар заминаи он мақомоти давлатӣ ташаккул ёфта, иштироки шаҳрвандонро дар ин раванд таъмин менамояд. Воқеан, интихобот ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили раъйпурсӣ, хоси давлати демократӣ буда, муаррифгари сатҳу сифати он мебошанд.
Интихобот аз ҷумлаи падидаҳоест, ки дар он талаботу манфиатҳои ҷомеа ифода меёбанд. Ин дар ҳолест, ки омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ, рисолаҳои арзишманди илмӣ далолат бар он доранд, ки интихобот яке аз қадимтарин унсурҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамагуна ҷомеаҳо халқ ба воситаи он мақсаду мароми худро амалӣ намуда, дар идораи давлат саҳм мегузорад. Ҳарчанд дар шаклу навъҳои гуногун ба зуҳур омодааст, вале ҳамчун унсури муҳими сиёсӣ дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои вижаи худро соҳиб гардидааст.
Дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккулу амалигардонии ҳокимият чунин тафсир мешавад: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ басо назаррас аст.
Интихобот инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб менамояд ё мавриди интихоби дигарон қарор мегирад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот қарор дорад, ин масъаларо дурусту дақиқ ва бо тамоми масъулият ба роҳ мондааст. Омодагиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳизбҳои сиёсӣ низ машғули таблиғи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва намояндагони худ ҳастанд. Аз таҷрибаҳои гузашта маълум аст, ки ҳар фарде, ки ба боварии халқ сазовор гардида аст, халқ ӯро новобаста ба намояндаи кадом ҳизби сиёсӣ буданаш ҳамчун вакили худ интихоб хоҳад кард.
Яке аз воситаҳои ба таври демократӣ гузарондани интихобот ба тарзи бисёрҳизбӣ ташкил кардан ва анҷом додани он аст. Имрӯз дар ҷомеаи мо, ба ҳар ҳизби сиёсӣ имконияти баробар дода шудааст, то ки дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот намояндагони онҳо фаъолона иштирок карда тавонанд.
Интихоботи бисёрҳизбӣ бояд дар шароити ҳақиқии муборизаи солимонаи байни номзадҳо сурат гирифта, шаҳрвандон имконияти воқеии шинос шудан ба барномаи номзадҳоро дошта бошанд. Васоити ахбори омма ҳам ба ҳамаи номзадҳо ва аҳзоби сиёсии расман сабтиномшуда имкон додааст, то барномаҳои пешазинтихоботии худро дар шароити баробарӣ ташвиқу тарғиб намоянд.
Ҳоло бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд дарк намояд, ки иштироки ӯ дар маъракаи интихобот нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳиро дорад, бояд барои интихоби номзадҳои шоиста мусоидат кунад ва ба ин васила, дар таҳияи заминаи рушду шукуфои минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Фарҳод ҚОДИРЗОДА,
профессор