ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ТОҶИКИСТОН ПУЛИ 920-МЕТРА СОХТА МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН ПУЛИ 920-МЕТРА СОХТА МЕШАВАД

04 март 2025, Сешанбе
28
0

  

Дар болои дарёи Сурхоби ноҳияи Нуробод дарозтарин пули мошингузар бо дарозии 920 метр сохта мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад. Дар робита ба ин, байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «Жечианг коммуникейшн констракшн групп ко ЛТД»-и Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санад дар заминаи марҳалаи сеюми татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» ба имзо расида, онро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Ли Минкун, намояндаи ширкати чинии «Жечианг коммуникейшн констракшн групп ко ЛТД» имзо намуданд. Дар маросими имзои созишнома, ҳамчунин, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛ ТР) Нуралӣ Арабзода, директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Валиҷон Махсум  ва дигар мутахассисон ширкат доштанд.


Азим Иброҳим гуфт, ки сохтмони пул барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, бояд бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расад. 

 

Тибқи созишнома, пул дар чор сол бо назардошти меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо иштироки мутахассисони ботаҷрибаи ватанию хориҷӣ бунёд меёбад. Арзиши умумии татбиқи лоиҳа 59 857 772,61 доллари ИМА мебошад.

Гуфта шуд, ки пул бо дарозии 920 метр ва роҳҳои ба он васлшаванда, дар маҷмуъ, ба масофаи 1500 метр дар ноҳияи Нуробод, болои дарёи Сурхоб сохта мешавад. Ин пул на танҳо дар мамлакат, балки дар Осиёи Миёна дарозтарин буда, дар асоси ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бунёд мегардад.
Намояндаи «Жечианг коммуникейшн констракшн групп ко ЛТД» Ли Минкун тазаккур дод, ки ин ширкат дар Тоҷикистон чанд сол боз фаъолият намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳу пулҳо таҷрибаи калон дорад.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз Вазорати нақлиёт хабар доданд. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив