ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОИ “СУҒД”. ҲАДАФ – МУАРРИФИИ ШОИСТАИ КИШВАР

МОИ “СУҒД”. ҲАДАФ – МУАРРИФИИ ШОИСТАИ КИШВАР

04 март 2025, Сешанбе
19
0


 Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар оғози сол 42-юмин субъекти нав – ҶДММ  “Сайёҳи Суғд“-ро ба қайд гирифт, ки  муштарак бо ширкати “Кронвелл  групп”-и кишвари Россия  ба фаъолият шуруъ карда, истеҳсоли хаймаҳои сайёри сайёҳиро мутобиқ ба талаботи меъёрҳои  байналмилалӣ  роҳандозӣ  менамояд. Ин таҷриба дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори нахуст амалӣ мегардад. 

Юрий Косолап, намояндаи ширкати “Кронвелл групп”, дар ҷараёни баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ бо МОИ “Суғд” иброз дошт, ки бунёди чунин корхона дар шароити кунунии имкониятҳои хуби сайёҳии Тоҷикистон амрест воқеӣ. Тоҷикистон бояд дар ояндаи начандон дур бо мавзеъҳои зебову табиати нотакрор,  таърихи куҳану ғаниаш ба яке аз мамлакатҳои аҷиби сайёҳӣ мубаддал гардад ва табиист, ки сайёҳӣ боз ба худаш мувофиқ  самтҳои зарурӣ дорад, ки  мутобиқ  ба он бояд  амал кард. Яке аз ин талаботи сайёҳӣ дар табиати зебои он истироҳату фароғат бурдан бо аҳли оила, ёру дӯстон, ҳамкорон аст, ки он бе манзил-хаймаи сайёр номумкин аст. Бинобар ин ва дархосту талаботи сайёҳони  дохиливу хориҷӣ, зарур аст, ки истеҳсоли чунин хаймаҳо  дар ин ҷо ба роҳ монда шавад.
Юрий Косолап  мегӯяд, ки  бино ба таҳлилу мушоҳидаи мо – мутахассисон,  қариб  90 дарсади ашёи хомро дар  Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки бунёди корхона  ҳарчи зудтар  амалӣ мегардаду  мо аввалин  хона-хаймаҳои сайёрро то охири  сол пешкаши дӯстдорони сайёҳӣ мегардонем. Ифтитоҳи ин корхона шароит фароҳам меоварад, ки  зиёда аз 30 нафар ҷавони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шавад.
Бино ба иттилои Муҳаммадҷон Муҳаммадзода, роҳбари маъмурияти  МОИ “Суғд“,  соли рафта маҷмуи маҳсулоти саноатии дар минтақа истеҳсолшуда ба 442   миллион  сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм қариб 90 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти  истеҳсолшуда  аксаран  содиротӣ буда, ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз қабили Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистону Қазоқистон, Олмону Туркия, Ироқ, Россия ва Беларус ирсол мегардад.  
Агар  ҷалби  сармояи мустақили хориҷӣ ба МОИ “Суғд” соли 2023 ҳамагӣ 32 миллион  долларро ташкил диҳад, пас, дар соли сипаришуда он ба 42  миллион  доллар  расид ва интизор  меравад, ки баъди ташрифи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои  мавсуф  ҷиҳати  боз  ҳам  самаранок  баҳрабардорӣ  кардан  аз ин минтақаҳои  имтиёзноки  истеҳсолӣ  воридоти  сармояи  хориҷӣ ва бунёди субъектҳои нав меафзоянд.
– Таъсиси ҷойҳои нави кор низ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти МОИ “Суғд” ба ҳисоб меравад, – мегӯяд Муҳаммадҷон Муҳаммадзода, – соли равон  ният дорем боз  то 300  нафарро бо ҷойи кор таъмин намоем.  Маъмурият бо мақсади таъсиси корхонаҳои нав дар ҳудуди МОИ “Суғд“ ва ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ вохӯриҳо ва қабули соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва беруниро, ки барои таҳлилу омӯзиши имкониятҳои минтақа ташриф меоранд, созмон дода, дар ин самт муваффақ мешавад. Ҳамин талошҳост, ки соли рафта 7 субъекти нав  ва як маркази логистикӣ ба қайд гирифта шуд.
Корхонаҳо,  аз қабили  ҶДММ “Тоҷпанел”, ки соли гузашта бо 500  ҳазор доллар маблағгузории соҳибкори ватанӣ ба фаъолият шуруъ намуд, бо таъсиси 30 ҷойи кор  истеҳсоли  девора (панел)-ҳоро ба роҳ мондааст ва коргоҳи нави истеҳсолии “Сомони шаҳрсоз” бо ним миллион доллар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки таҷҳизоти нақлиётӣ – батарея  истеҳсол мекунад ва дар он 50 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
 Инчунин,  дар МОИ “Суғд” мутахассисони ҶДММ “Сайр Суғд” воситаҳои нақлиёти барқӣ (моторолҳои хурдҳаҷми боркаш), таҷҳизоти агротехника, 12 номгӯй мошинчаҳои гуногунтамға барои тифлакону наврасон, трисиклу дучархаҳо истеҳсол мекунанд. 
–  Маҳсулоти корхона  аз ҷониби аҳолии кишвар хеле хуб истиқбол шуда,  харидорӣ мешавад. Муштариён аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя низ рӯз ба рӯз меафзояд ва мо низ шароит пайдо хоҳем кард, ки  боз даҳҳо ҷойи нави кор таъсис диҳему иқтидори корхонаро дучанд намоем. Айни замон  корхона дар як сол иқтидори истеҳсоли 240 ҳазор  мошинчаи  бачагона ва 3 ҳазор  трисикли барқиро дорад, – бо ифтихор мегӯяд Собирҷон Мирзобоев, сарвари ҶДММ “Сайр Суғд”.  
Дар ҶДММ “Азия политекс” бошад, дар як моҳ  то 60 ҳазор дона      халтаҳои гуногунҳаҷм   истеҳсол   мешавад.
Дар МОИ “Суғд”, инчунин, бо маблағи 3 миллион доллар  ҶДММ “Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон Ривер Суғд Фарм” бунёд мегардад, ки моддаҳои фарматсевтӣ,  маҳлулҳо,  сӯзандору истеҳсол  хоҳад  кард.  Дар корхонаи мазкур таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кор  пешбинӣ мешавад.
– Ҳадаф аз таъсиси МОИ “Суғд” ин такон бахшидан ба иқтисодиёти маҳалҳо, бунёди корхонаҳои нави аз лиҳози технологияҳо пешқадам, таъсиси ҷойҳои нави кор, муаррифии Тоҷикистон бо маҳсулоти сатҳи олии корхонаҳои ватанӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад, ки баҳри расидан ба ин ҳадаф талош дорем, – гуфт Муҳаммадҷон Муҳаммадзода. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив