ПАЁМ. ТАҚВИЯТИ НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МОНД
Замони соҳибистиқлолӣ, дар баробари мардон, ба бонувони тоҷик имкон дод, ки бо афкори созанда ва иқдомҳои неку омӯзанда дар бунёди давлати муосири тоҷик ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа мебошад. Чунончи, дар Паёми соли 2022 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри баланд бардоштани мақоми бонувон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо, аз ҷумла фармон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (1999), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳала (барои солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва солҳои 2023-2030), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳала (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (2025), ба тасвиб расиданд.
Эҳтирому меҳрубонӣ, дӯстдориву садоқат ва арҷгузориро ба модар маҳз аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт, зеро омили ҳамаи комёбиҳои хешро Пешвои муаззами миллат аз дуои модар медонанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дарахт аз обу одам аз дуо сабзад. Ба ин маънӣ шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.
Роҳбари маҳбуби давлат дар тамоми суханрониҳояшон саҳми модарони тоҷикро дар барқарории амну осоиш дар Ватанамон ва рушду нумуи мамлакат таъкид месозанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд:
“Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарон ва духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
Дар робита ба ҳамаи ғамхориҳо, таваҷҷуҳи рӯзафзуну ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо – занону модаронро боз ҳам руҳбаланд менамояд, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри сазовор гардидан ба эътимоду эҳтиром ва боварии Пешвои муаззами миллат, барои ободию пешрафт ва сарсабзии Ватани азизамон дар тарбияи насли наврасу ҷавонони бомаърифту худогоҳ рисолати хешро бо сидқу вафо адо намоем.
Сарварбӣ МИРАЛИЕВА,
номзади илмҳои филология,
дотсенти кафедраи забонҳои ДТҶТ
ба номи С. Раҳимов