ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУҒНОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

ШУҒНОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

12 март 2025, Чоршанбе
7
0


Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои созандаи кишвар – саноатикунонии босуръати  мамлакат дар мавзеи Пашори ноҳияи Шуғнон таъсиси корхонаи бандубасти меваю сабзавот ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади шинос гардидан бо лоиҳаи сохтмони корхонаи саноатӣ ва дигар инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер аз мавзеи сохтмон дидан намуд. 
Тавре раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода  иттилоъ дод,  корхона бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди меваву сабзавоте, ки дар шароити маҳал ҳосили хуб медиҳанд,  нигаронда  шудааст. Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини  корхона  бо маҳсулоти тару тоза дар назди корхона дар майдони 2 гектар замин гармхонаи муосиру замонавӣ бунёд мегардад. Дар он кишт ва парвариши зироатҳои лӯбиёӣ, лаблабуи қанд, пиёзи сурх ба роҳ монда хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба масъулони соҳа ва соҳибкорон тавсия дод, ки дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба корҳои тахту ҳамворкунии мавзеи сохтмон, бунёди корхона ва таъсиси гармхонаву омода кардани замин барои кишти зироатҳо ҳарчи зудтар шуруъ намоянд. Ҳамчунин, ба масъулони иқдом ҷиҳати  дар муҳлати кӯтоҳтарин фармоиш додани  технология  барои коркарди меваву сабзавот дастурҳои мушаххас  дода шуд. 
Дар идома ҳайати гурӯҳи корӣ  аз мавзеи таъсиси Академияи футболи вилоят, ки бунёди биноҳои он  дар майдони 6 гектари деҳаи Пашор ба нақша гирифта шудааст, боздид  ба амал овард. Раиси вилоят зикр кард, ки бо ибтикори президенти Федератсияи футболи  Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар ноҳияи  Дарвоз  Академияи  футбол бунёд мегардад. 
Дар идома раиси вилоят аз ҷараёни  машқи футболбозони ҷавон  дар толори варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 боздид намуд. Ҷиҳати таъсиси гурӯҳҳои занонаву мардонаи футбол дар Муассиса ва ба тамринҳои пайваста  фаро  гирифтани ҷавонон низ тавсияҳои судманд дода шуд.
Раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои беморхонаи ноҳиявӣ дар маркази ноҳия низ дидан кард. Додихудо Фаррух, сардори  раёсати тандурустии вилоят, иттилоъ дод, ки бино аз 4 ошёна иборат мебошад. Ҷиҳати солҳо хизмат намудан ба аҳолии ноҳияи Шуғнон раиси вилоят раванди босуръати кор дар иншоот ва дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба итмом расондани сохтмони бинои касалхонаи ноҳияро аз роҳбарияти ноҳия тақозо намуд. Супориш дода шуд, ки бо назардошти дурии роҳ ва мушкилот дар дастрасии аҳолии деҳаҳои қисмати болоии ноҳияи Шуғнон ба табобати саривақтӣ бинои дуюми беморхона дар Ҷамоати деҳоти Навобод бунёд  карда шавад.
Дар робита ба тахту ҳамворкунии роҳ ва омода намудани гирду атрофи беморхона  масъулони  сохтмон – ҶДММ «Шонаврӯз» ва сардори раёсати тандурустии вилоят вазифаҳои мушаххас гирифтанд.
Дар доираи дастури Пешвои  муаззами миллат ҷиҳати  таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи  маориф ва бунёди ҳарчи бештари кӯдакистонҳо дар кишвар  айни замон дар шаҳраки Ваҳдат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳисоби шуъбаи сохтмони асосӣ бунёди бинои дуошёнаи кӯдакистон бо таҳхона идома дорад. Раиси вилоят ба интихоби босифати дару тирезаҳо диққати роҳбарияти ноҳия ва пудратчии асосии сохтмонро ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои иловагӣ дод.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив