ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОР ДОРЕМ. БАРДОШТ АЗ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АЗ ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОР ДОРЕМ. БАРДОШТ АЗ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

27 март 2025, Панҷшанбе
10
0


Тайи чанд рӯз аст, ки тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахши наворҳои ҳаяҷонбахши сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон намоиш дода мешаванду мардум бо шукргузорӣ аз ин иқдоми сулҳдӯстонаи Роҳбари давлат миннатдорӣ намуда, изҳори андеша мекунанду хурсандиашон ҳадду канор надорад. 
Дирӯз низ дохили нақлиёти мусофиркаш зани солор бо дили пур ва чеҳраи хандон гуфт: “Ман медонистам, ки ҳамин як бор Эмомалии мо ба Қирғизистон равад, ҳамааш хуб мешаваду дӯстӣ пойдор мегардад. Ана, дидед, гапи ман шуд. Худованд баракати кори ин марди наҷибу дилсӯз ва ғамхорро боз ҳам афзун намояд”.
Бо шунидани ин суханҳо ва ҳисси хушнудии мардум бароям бори дигар собит шуд, ки имрӯз ҳама хурду бузург сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, аз доштани чунин давлату миллат ва Роҳбари хирадманд шукргузоранд. 
Дарвоқеъ, сафари навбатии Сарвари давлат дар дили мардум шуълаеро равшан кард. Саҳнаи аҷиб, ки пас аз мулоқоти сарварони ду давлат ба вуқуъ омад ва мардум он рӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд, бузургиву бохирадии Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод. Ҳангоми ба имзо расидани шартномаи дуҷониба сарварони давлат таъкид доштанд, ки минбаъд ин марз сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад. Албатта, ба имзо расидани чунин санади муҳими таърихӣ аз ҷониби сарварони давлат натиҷаи ғалабаи хирад, азму талоши ҳар ду миллат барои ҳамзистии осоишта, сулҳу субот маҳсуб меёбад. Дар ин радиф, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибоз дошт: “Итминони комил дорам, ки таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, эътимод, ризоият ва баробарҳуқуқӣ заминаи зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаю дуҷониба ташкил дода, ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мардумони мо мебошад”.  
Бо кушодашавии марзҳо садо додани мисраъҳои шеърӣ аз тарафи санъаткори қирғиз бори дигар аз дӯстии ин ду миллат дарак дод.  Дар он ҷо Ҷаноби Олиро ҳамчун пайвандгари роҳи бузурги дӯстиву бародарӣ номида, дар симои ӯ марди сулҳдӯсту ваҳдатсароро таҷассум намуданд. Дар ин бора, шоири тараннумкунандаи дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода хеле бамаврид гуфтааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, 
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дарвоқеъ, боз гардидани марз ва баҳамоии халқҳои ду кишвар кори хайрест. Бахусус, дар моҳи муборак, ки ҳам Рамазон асту ҳам Наврӯз. Ин иқдоми хайрхоҳона бори дигар собит сохт, ки ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад. Сиёсати давлатдорӣ ва ваҳдатсароии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мавриди писанди мардуми Тоҷикистон, балки тамоми сиёсатмадорони ҷаҳон гаштааст. Тавре, Марзуқ Алӣ ал-Ғоним, Раиси парламенти Кувайт, иброз доштааст: “Дар давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд, ҳамчунин, на ба ҳама президентон муяссар мегардад, ки чунин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандашавӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад”. 
Бо ифтихор зикр менамоем, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии Пешвои муаззами миллат ӯро ҳамчун абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу амнияти башарӣ ва ҳалли дигар масоили глобалӣ чун сиёсатмадори ташаббускору  ваҳдатсаро ва қосиди сулҳ эътироф кардааст. Бинобар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Парвардигор ҳадяест барои мардуми тоҷик ва мо бо доштани чунин Сарвар ифтихор менамоем. Шоире дар ин маврид хуб гуфтааст:
Гул дар қадамат нисор кардан шараф аст, 
Бо номи ту ифтихор кардан шараф аст.   

Гулнисои САЪДОНШО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.03.2025 №: 61
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив