ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД ЗЕРБУНЁДИ ДӮСТИИ АБАДӢ

08 апрел 2025, Сешанбе
8
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар доираи тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо даъвати Пешвои муаззами миллат сарварони давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҷиҳати анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷониба ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
31-уми марти соли 2025 вохӯрии таърихии сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он муҳимтарин ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва таърихсоз ба имзо расиданд. Яке аз онҳо ин Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба ҳисоб меравад. Шартномаи мазкур ҳуҷҷати муҳими дар амал татбиқ шудани меъёри моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дахлнопазир эътироф намудааст, ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур заминаи муҳими ҳуқуқии робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, дипломатӣ ва ҳуқуқии давлатҳои аъзои он мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш таъкид намуданд: “...Мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем”.
Саҳифаи дигари таърихӣ ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба шумор меравад, ки он низ дар фазои тантанавӣ ва ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба имзо расонда шуд. Эъломияи мазкур дар иртибот бо муқаррароти моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ менамояд, имзо гардид. Мақсади асосии ин ҳуҷҷати таърихӣ абадан нигоҳ доштани риштаи дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва бародарии се миллати ба ҳам дӯсту бародари тоҷик, ӯзбек ва қирғиз ба ҳисоб меравад.
Ин ду санади ҷашнии ба имзо расондашударо на танҳо се миллати ба ҳам дӯсту бародар ба хушдунӣ пазируфтанд, балки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб истиқбол шуда, доир ба аҳамияти он нуқтаҳои назари оламиён баён гардидааст. Чунончи, дар изҳороти расмии Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ чунин омадааст: “Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни ин кишварҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар рафти Саммити сарварони се кишвар рӯзи душанбе, 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ҷараён гирифт, истиқбол намуд...”
Ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои мазкур дар сиёсати геостратегии ин се давлати ба ҳам дӯсту бародар ва раванди ҳамзиштии осоишта такони ҷиддӣ мебошад.
Борбад ҲАМРОҚУЛЗОДА, судяи суди иқтисодии вилояти Суғд
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67