Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ

08 апрел 2025, Сешанбе
7
6-уми апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар мавзуи «Ҷунбиши парлумонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва адолат», ки дар шаҳри Тошкент доир гардид, иштирок намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори мо тавзеҳ дод, зимни суханронии хеш Файзалӣ Идизода иброз намуд: «Имрӯз, вақте инсоният бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва геополитикӣ рӯ ба рӯ аст, маҳз парламентҳо бояд дар дарёфти роҳҳои ҳалли одилона, устувор ва фарогир роҳбарӣ намоянд. Мавзуи муҳокимашуда «Амали парламент барои тараққиёти иҷтимоӣ ва адолат» на танҳо барои таъмини суботи миллӣ, балки мустаҳкам намудани сулҳу ҳамкории байналмилалӣ низ муҳим аст».
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ
Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо вазири давлатии савдои берунаи Амороти Муттаҳидаи Араб Танӣ бин Аҳмад аз-Зайюдӣ баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар он масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва АМА дар самти сармоягузорӣ баррасӣ шуд.
Мусоҳибон аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамиро таъкид намуданд.
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67