РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

08 апрел 2025, Сешанбе
5
МУҲАНДИС - ТЕХНОЛОГИ МУВАФФАҚ
Баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатисозии мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди саноат (2022-2026) эълон гардид, ки дар ин асос тайёр кардани мутахассисони баландихтисос аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Зимнан, дар соҳа мутахассисони варзида ва собиқадор зиёданд, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои омодасозии кадрҳои ҷавон пайваста талош меварзанд. Абдулло Муҳаммадиев аз зумраи чунин нафаронест, ки қариб чил соли ҳаёти хешро ба кор дар саноати сабук – саноати нассоҷии кишвар, бахшида, ба бисёр ҷавонони соҳибистеъдоди соҳа сабақи касб додааст.
150 МИЛЛИОН – ҚУЛЛАИ ДАСТРАС
Айни замон ӯ дар нафақа бошад ҳам, чун пешин барои рушди саноати миллӣ содиқона хизмат менамояд: сардори Департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон буда, бурду бохти корхонаву коргоҳҳои соҳаро амиқ медонад, тарғибу корбасти таҷрибаи пешқадам, истифодаи густурдаи технологияҳои замонавӣ дар истеҳсолот, таҳкими робитаи миёни онҳо, ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ мекунад.
Мутахассиси баландпоя будани Абдулло Муҳаммадиев ҳини суҳбат зуд ҳувайдо мешавад: ӯ аз равандҳои кунунии соҳа ва дастовардҳо бо муҳаббату самимият бо арқому далел ҳарф мезанад, аз чӣ тавр истеҳсол шудани матоъю ришта бо шавқ мегӯяд ва баҳри беҳбудии соҳа пешниҳодҳои мушаххас менамояд.
– Тоҷикистони азизи мо иқтидори бузурги саноатӣ дошта, дар соҳаи нассоҷӣ оғоз аз истеҳсоли ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Маҳсулоти ватанӣ ба хориҷа торафт бештар содирот мешавад. Агар дар соҳа солҳои наздик баъзе камбудиҳои вобаста бо таъмини технологияи муосир, мутахассисони баландихтисос ва фоизи қарзҳо ҳалли худро ёбанд, дар мамлакат истеҳсоли матоъ ба беш аз 150 миллион метр хоҳад расид, – иброз намуд А. Муҳаммадиев.
ПАНДИ ПАДАР
Абдулло Муҳаммадиев дастпарвари Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ) ва Институти бофандагӣ ва саноати сабуки Тошкент буда, маҳз ҳамин боргоҳи илму ҳунар барояш таҳкурсии муътамаде гашт барои бунёди кохи орзуҳо. Он сарчашма аз овони хурдсолӣ мегирад, чун он замон ба донишандӯзӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Дар синфи болоӣ (соли 1970) дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни физика ғолиб омадааст. Тавре худ мегӯяд: “Дар замони шуравӣ дар озмуну олимпиадаҳо пирӯз шудан сахт мушкил буд. Вале ҳаваси таҳсил ва насиҳату роҳнамоиҳои падарам дар ниҳоят маро ба комёбиҳо расонд”.
Воқеан, вақте теъдоди зиёди диплому ифтихорнома, мукофоту ордену медалҳои А. Муҳаммадиевро бо чашм дидам, боварам афзуд, ки меваи меҳнати ҳалол басо ширин аст.
МАСЪУЛИЯТШИНОС
Соли 1976, пас аз хатми Институти бофандагӣ ва саноати сабуки шаҳри Тошкент, Абдулло Муҳаммадиеви муҳандис-технологи ҷавон бо роҳхати Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон ба Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе меояд. Мавсуф дар сехи ресандагӣ ба ҳайси усто ба фаъолият мепардозад. Тули ду сол ғайр аз таъмини кори муназзами дастгоҳҳои бофандагию ресандагӣ мутахассиси ҷавони навҷӯ чанд пешниҳоди навоварона кард ва бо нишони сарисинагии “Устои беҳтарини саноати сабуки ҶСС Тоҷикистон” сазовор шуд. Аз ин рӯ, тасодуф набуд, ки ӯро вакили анҷумани Ҷамъияти илмию техникии ҷумҳурӣ ва баъдан анҷумани панҷуми Ҷамъияти илмию техникии СССР интихоб карданд.
Кордонию қобилияти ташкилотчигияш зуд ба чашм расид ва Абдулло Муҳаммадиев соле чанд ташкилоти комсомолии Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанберо, ки қариб 10 ҳазор узв дошт, муваффақона сарварӣ кард. Баъдан, ӯро чун мутахассиси ҷавон ва масъулиятшинос ба дастгоҳи Кумитаи Марказии комсомоли мамлакат ба кор гирифтанд. Сипас, котиби кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе шуд. Чанде гузашту дар кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохт. Зимнан, аз соли 1997 то инҷониб узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
АЗ “НАССОҶИИ ТОҶИК” ТО “НАФИСА”
Мавсуф солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Ҷалолободи Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун афсари гурӯҳи ҳарбии таблиғотӣ ва тарҷумон хизмат менамояд. Вазъияти муташанниҷи кишвари ҳамсоя аз сарбозон ҷасорату далерӣ тақозо намуд. Абдулло Муҳаммадиев аз имтиҳони ин “мактаби зиндагӣ” низ бо сари баланд гузашта, баъди хизмат ба Ватан баргашт ва фаъолиятро дар истеҳсолот идома дод.
Солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, дар баробари дигар самтҳо, соҳаи нассоҷӣ ҳам ба дигаргуниҳо ниёз дошт. Дар ин давра маҳз чун Абдулло Муҳаммадиев мутахассисону роҳбарони кордону ботаҷриба басо зарур буданд, то ки истеҳсолот дар корхонаҳои бозмонда аз нав роҳандозӣ шавад. Дар ин раванд фаъолияти Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагин бо табдили ном ба Ҷамъияти саҳомии иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” идома дода шуд. Абдулло Муҳаммадиев дар ин ҷо аз соли 1992 то 2002 аз сардори фабрикаи ресандагӣ ва бофандагӣ то муовини директори генералӣ месабзад. Баъдан, дар Ҷамъияти саҳомии “Нафиса” ба ҳайси муовини директори генералӣ оид ба тиҷорат фаъолият менамояд, ки дар маҷмуъ, ин корхонаҳо тадриҷан истеҳсолоти саноатиро рӯ ба боло бурданд.
ЧӢ ХИЗМАТЕ БА МАРДУМ КАРДӢ?
Дар рӯзгори ҳар одам марҳалае фаро мерасад, то ба гузаштаи хеш чашм андохта бубинед, ки чи суде ба ҷамъият овардааст. Вақте аз мусоҳибам ба ҳамин мазмун суол кардам, ин марди тору пудаш саноатчӣ чун шахси адабиётдон бо ҳикмати машҳури Лоҳутӣ ҷавобам дод.
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
– Ин савол ба ҳаёти рӯзмарраи якояки мо иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҷавоби мусбат ба он бақою баракати зиндагист. Ва ман то қадри тавон донишу таҷриба, қуввату маҳоратамро сарфи маҳз чунин ҷавоб кардам, – хулоса намуд мусоҳибам.
Воқеан, заҳмату талошҳояш баҳри рушди саноати бофандагии кишвар, ки бо мукофоту ифтихорномаҳои давлатӣ қадр шудааст, чуноне гуфтем, имрӯз низ идома дорад. Абдулло Муҳаммадиев, бо вуҷуди ба синни мубораки ҳафтод расидан, ҳамоно дар сафи сарсупурдаҳои фаъоли соҳа мебошад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67