ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН, ӮЗБЕКИСТОН. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ СЕҶОНИБА

10 апрел 2025, Панҷшанбе
59
Дар мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, созишномаҳои имзошуда ҳамчун намунаи дипломатияи муваффақи ҳамсоягӣ ба таърих ворид хоҳад шуд. Ин раванд, барҳақ, ба таҳкими сулҳ, субот, дӯстӣ, ҳамкорӣ, рушд ва шукуфоии минбаъда дар минтақа мусоидат мекунад.
Тоҷикистон – Қирғизистон. Таври маълум, 13-уми марти соли 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафтанд. Дар чорчӯби ин сафар Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя ба имзо расид. 18-19-уми март матни Созишнома аз ҷониби парламентҳои ду давлат тасдиқ гардид. Ин Созишнома рамзи иродаи нек ва ҳамкории мутақобила дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада тавассути машварат, маслиҳат ва эҳтироми якдигар гардид.
Мулоқоти дуюми роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки моҳи март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, нишон дод, ки ҷонибҳо барои ба анҷом расондани заминаи асосҳои ҳуқуқии масъалаҳои сарҳадӣ ва оғози марҳалаи нав дар ҳамкориҳои дуҷонибаи фарогир омода мебошанд.
Мубодилаи санадҳои тасдиқкунанда оид ба Созишномаи сарҳади давлатӣ, ки 31-уми март дар Хуҷанд баргузор гардид, ба марҳалаи тулонии баҳсҳои душвори марзӣ дар фазои пасошуравӣ хотима бахшид. Ин рӯйдоди таърихӣ ба тиҷорати марзӣ, алоқаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла ҳавоӣ ва автомобилӣ, аллакай таъсири мусбат расонд. Ба таври рамзӣ, оғози ЛЭП 500 кВ “Датка-Хуҷанд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ҳамкории ду кишварро дар бахши энергетика нишон дод.
Тоҷикистон – Ӯзбекистон. Руҳияи дӯстии бародарона ва ҳамсоягии нек дар мулоқоти роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳукмфармо буд. Як сол қабл, 19-уми апрели соли 2024, дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ ба тасвиб расид, ки оғози як марҳалаи нави таърихиро дар равобити дуҷониба ба вуҷуд овард.
Санаи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд мубодилаи асноди тасдиқкунандаи мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур сурат гирифт. Таъкид гардид, ки таҳкими минбаъдаи равобити байнидавлатии дуҷониба ба манфиати аслии мардумони ҳар ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти боз ҳам бештари ҳамкорӣ дар руҳияи даҳсолаи асри XXI бо такя ба рушди устувор иброз намуданд. Ҳамчунин, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷонибҳо ба динамикаи мусбати афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ишора карданд ва онро нишонаи имконоти васеъ барои рушди минбаъда донистанд.
Сарвари кишвари мо бо изҳори қаноатмандӣ аз имзои Созишномаи ҳампаймонӣ ва мубодилаи асноди тасдиқкунанда таъкид карданд, ки бо ин санади таърихӣ “марҳалаи сифатан нави рушд дар равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз шудааст”.
Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон. Мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни иродаи нек ва ташаккули муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ, бо такя ба принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолият, тамомияти арзӣ, баробарӣ ва ҳамкорӣ, сабт хоҳад шуд. Имзои Созишнома оид ба нуқтаи пайвасти сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии ҷовидона дастоварди бузурги таърихие гардид, ки ба раванди тулонии делимитатсияи сарҳадҳо ва музокироти дурудароз оид ба масъалаҳои марзӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт. Ин дастоварди бузург ба муносибатҳои сеҷонибаи давлатҳо дар дурнамои таърихӣ неруи тоза мебахшад.
Инчунин, ин рӯйдоди таърихӣ намунаи муколамаи созанда ва ҳамкории муассир дар Осиёи Марказӣ шуда, ба таҳкими асосҳои амният, субот, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Нуқтаи рушди муштарак. Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти се кишвари ҳамсоя на танҳо баррасии баҳсҳои марзии аз солҳои пеш боқимондаро ба анҷом расонд, балки руҳияи ҳамкориро дар минтақаи Осиёи Марказӣ куллан тағйир дод. Аҳамияти ин Созишнома барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавии байни давлатҳо ниҳоят муассир аст.
Дар ҳақиқат, сухан дар бораи оғози як давраи муҳими муносибатҳо дар минтақа, имкониятҳои нав барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муколамаи фарҳангӣ меравад. Боиси тааҷҷуб нест, ки Созишномаи нуқтаи пайваст аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ – СММ, Созмони ҳамкории исломӣ, Шурои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс, як қатор кишварҳои дӯст ва ташкилотҳои байналмилалӣ – баҳои баланд гирифт.
Хеле рамзист, ки мулоқоти сеҷониба дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ – рамзи эҳёи табиат, оғози марҳалаи нави ҳаёт ва умед ба ояндаи нек баргузор гардид. Натиҷаҳои ин мулоқот муждаи нек аз эҳё ва оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои се кишвар мебошад.
Тақвияти заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ. Дар асоси қисми 1 моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ин хусусиятҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои асосии рушди давлатро ташкил медиҳанд.
Аз назари мо, рушди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Конститутсия дар татбиқи пайвастаи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкиливу маъмурӣ ва дигар тадбирҳо ҷиҳати таҳкими истиклолият, риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқии давлат ифода меёбад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии ин нуктаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти баланди илмӣ ва амалӣ дорад.
Ҳамзамон, дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.
Бо назардошти хусусияти печидаи ҷуғрофии сарҳадҳо, аҳамияти таърихии созишномаҳои имзошуда дар Хуҷанд оид ба демаркатсияи сарҳадҳо махсус таъкид мешавад. Мавриди зикр аст, ки Осиёи Марказӣ, хусусан водии Фарғона, минтақаи нодири ҷуғрофӣ буда, бо анклавҳо – яъне ҳудудҳое, ки пурра дар муҳити кишвари дигар ҷойгиранд, шинохта мешавад.
Коршиносон солҳои дароз ба номуайяниҳои сарҳадӣ ҳамчун омили эҳтимолии низоъ ва муноқиша ишора мекарданд. Акнун, ки марзҳо шакли ҳуқуқии дақиқ гирифтанд ва иродаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нишон дода шуд, шароити мусоид барои рушди устувор ва ҳамгироии минтақавӣ фароҳам омад.
Ҳамин тариқ, ҳамоиши роҳбарони се кишвари ҳамсоя, ки 31-уми март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуд, на танҳо як мулоқот оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ буд, балки нуқтаи ибтидои марҳалаи нави рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гардид.
Шавкат ИСМОИЛОВ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 10.04.2025 №: 69