ПАЁМ. МО ВА ОЯНДАИ МО

08 апрел 2025, Сешанбе
8
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Он сармашқи фаъолияти шаҳрвандони огоҳи кишвар буда, фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногун дар ин маврид ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АМИТ
Сардори давлат зимни Паёми навбатӣ дар баробари масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти ватанӣ ва сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии кишвар – маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ зикр намуданд: “То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат омӯзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрӯз омӯзгорони мо бояд, новобаста аз зинаи таҳсилот, ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд ва содиқ ба касби худ бошанд.
Насимҷон
АБДУЛМУМИНЗОДА,
декани факултети иқтисоди рақамии ДМТ
Дар радифи дигар ҳадафҳои стратегии мамлакат дар Паёми Сарвари давлат ба масъалаи истиқлоли энергетикӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Пешвои миллат ба инкишофи энергетика аҳамияти махсус зоҳир намуда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида дар ин самт, бавижа бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор», лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чарсем», истеҳсол ва афзоиш додани содироти неруи барқ ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки иҷрои бомарому мақсадноки онҳо расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин хоҳад кард.
Пешвои миллат аз сохтмони пуравҷи НБО «Роғун» ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар ду соли охир ҷиҳати тезондани корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Маълум гардид, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони НБО «Роғун» ба анҷом расидаанд.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Қобили зикр аст, ки рушди устувори ин самти афзалиятнокро бе дарназардошти истифодаи комёбиҳои илму техника тасаввур намудан ғайримкон аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мутахассисони соҳа дар самти татбиқи лоиҳаҳои илмӣ боз ҳам фаъолноктар бошанд. Тоҷикистон бо шароити табиӣ ва хусусияти ҷуғрофиаш имкони боз ҳам рушди “неруи сабз”-ро дорад. Тавлиди босуръати неруи барқ дар кишвар имкон медиҳад, ки иқтидори иқтисодии мамлакат боз ҳам афзояд. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро зарур аст, ки неруи барқро сарфакорона истифода намуда, ба ин восита, дар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардидани он тамоми қишрҳои ҷомеа бояд муттаҳиду устувор бошанд, чунки дар меҳвари ин сиёсат, қабл аз ҳама, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллат қарор дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан ва ба мамлакати содиркунандаи неруи барқ табдил додани кишвар, баробари сохтмони неругоҳҳои бузург, мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти бештар диҳем.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67