АННА БЙЕРДЕ: ""РОҒУН" РАМЗИ ИРОДАИ ҚАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ"

Боздиди ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва баҳои баланди онҳо ба ин иншооти стратегии Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ судовар хоҳад буд, ояндабинии дурусти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора собит кард. Сарвари давлат тавонистанд бо иродаи устувор дар баробари онҳое, ки сохтмони ин иншооти бузургро ба иқлими минтақа зиёновар меҳисобиданд, истодагарӣ намоянд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳиму манфиатовар будани «Роғун»-ро собит созанд. Ва имрӯз кулли дунё ба хубӣ дарк кард, ки тавлиди “энергияи сабз” на танҳо рушди иқтисодро таъмин мекунад, балки ба тағйирёбии иқлим низ таъсири мусбат мерасонад.
НАМУНАИ ҲАМКОРИИ МУВАФФАҚ БО ШАРИКОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
12-уми апрел ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонк Анна Бйерде ва ноиби президенти Бонк оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Меҳмонон бо ҳамроҳии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз марҳалаҳои асосии сохтмон, аз ҷумла қисматҳои зеризаминӣ, нақбҳои нақлиётӣ ва системаи турбинаҳо, боздид ба амал оварда, ба сифати иҷрои корҳо баҳои баланд доданд.
Анна Бйерде лоиҳаро яке аз муҳимтарин ташаббусҳои энергетикии минтақа арзёбӣ карда, иброз дошт: «Роғун рамзи иродаи миллӣ, устувории равандҳои рушд ва намунаи ҳамкории муваффақи шарикони байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо аз ин пешрафт руҳбаландем ва омодаем ҳамкориро дар ин самт идома диҳем».
Пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки масъалаҳои тавсеаи истеҳсолу содироти энергияи тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва рушди «иқтисоди сабз» баррасӣ шуданд, хонум Анна Бйерде дар суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор дошт: «Имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати созандае оид ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва энергетикии мамлакат доштем. Барои ман боиси хурсандист, ки бори дигар ба Тоҷикистон ташриф овардам. Дар мулоқот сатҳи ҳамкории созандаи байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи се даҳсола идома дорад, натиҷагирӣ шуд. Айни ҳол Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 3,3 миллиард доллари амрикоиро ҷудо намудааст, ки дар самтҳои рушди иқтисоду инфрасохтор ва дигар бахшҳо амалӣ мешаванд».
Бо назар афкандан ба дигар паҳлуи ҳамкориҳо, ӯ НБО «Роғун»-ро як лоиҳаи муҳим дар бахши истеҳсоли «энергияи сабз» унвон кард, ки на танҳо барои аҳолии мамлакат, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад ва афзуд: «Умедворем, ки шарикии мо ба марҳалаи нав ворид гардида, барои таҳкими рушди устувори Тоҷикистон замина мегузорад».
ЛОИҲАЕ, КИ АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ МИНТАҚАРО ТАЪМИН МЕКУНАД
Имрӯз лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», ки ҳам камназир асту ҳам дорои аҳамияти бузург, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар худи сомонаи Бонки ҷаҳонӣ «Роғун» ҳамчун манбаи энергияи арзон, боэътимод ва устувор барои Тоҷикистон ёд мешавад, ки дар баробари таъмини мамлакат бо неруи барқ, 62 дарсади энергияи он дар оянда содирот мегардад. Инчунин, «Роғун» амнияти энергетикиро дар Осиёи Марказӣ таъмин карда, Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушду шукуфоӣ мебарорад.
Иқтидори энергетикии Неругоҳ (3600 МВт) бо сарбанди 335-метрааш мавриди таваҷҷуҳи коршиносони Бонк қарор гирифтааст, ки аз соли 2016 инҷониб Ҳукумати мамлакат ҳама имконоту захираҳояшро барои сохтмони он равона кардааст. «Ғайр аз ин, НБО «Роғун» ба ташаббусҳои лоиҳаи «Global Gateway»-и Иттиҳоди Аврупо мувофиқат мекунад, ки ҳадафи аслии он таъмини рушди ақаллиятҳои маҳаллӣ тавассути механизми тақсими фоида мебошад», – гуфта мешавад дар гузориш.
ТАРҲЕ, КИ БАРОИ ҲИФЗИ ИҚЛИМ НИГАРОНДА ШУДААСТ
Ҷойи таъкид аст, ки имрӯз ҷаҳон ба манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия рӯ овардааст. 98 дарсади неруи барқи кишвар бошад, аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва бо ин ҷумҳурии мо аз ҷиҳати истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ҳамин афзалият боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манбаъҳои энергетикии Тоҷикистон гаштааст, ки чанде пеш Урсула фон дер Ляйен, президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, бо зикри иқтидори азими энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ёдовар шуда, онро таъминкунандаи истиқлолияти энергетикӣ, омили таҳкимбахшанда барои робитаҳои тиҷоратӣ арзёбӣ намуд. Судовар будани ин тарҳ барои тамоми сайёра ҷиҳати ҳифзи иқлим ва табиат низ махсус таъкид шуд.
Яъне, “Роғун” дар баробари манбаи боэътимоди энергия буданаш, дар шароити имрӯз барои ҳифзи иқлим низ хизмат хоҳад кард, ки инсоният ба он ниёзи бештар дорад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
