"100 НАВРӮЗИ “ҶУМҲУРИЯТ”". ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИЕ, КИ БА ИДИ ҲАҚИҚИИ МИЛЛӢ ТАБДИЛ ЁФТ
4-уми апрел чорабинии тантанавии "100 наврӯзи “Ҷумҳурият”" аҳли илму адаб ва қаламкашони номдорро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба ҳам овард. Бузургони илму адаб, ки меҳмонҳои азизи “модари матбуоти тоҷик” буданд, бо вориди толор шудан, сари хони “ҳафтсин”-у “ҳафтшин” аз ойинҳои наврӯзии миллати бостон ёд овардаву доир ба муҳтавои китобҳову шумораи махсуси ба муносибати ҷашн нашрнамудаи рӯзнома, ки дар гӯшаи дигар ба маъраз гузошта шуда буданд, фикру андешаҳояшонро баён доштанд.
Нахуст, филми кӯтоҳе чун хирмане аз кӯлвори дирӯзу имрӯзи рӯзнома рӯи пардаи экран омад ва ба қавле садои таърихро ба гӯши ҳозирин расонд.
Пас аз ин сайри таърихӣ, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ кормандони эҷодиву техникӣ ва дар умум, тамоми алоқамандони ин минбари эҷодро аз номи Ҳукумати мамлакат шодбош гуфта, иброз дошт, ки ба айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани солгарди нашрия басо рамзист. Зеро Наврӯз бо расму ойинаш тули ҳазорсолаҳо барои ба ҳам омадани башарият хизмат карда бошад, рӯзнома дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз минбаре буд барои сарҷамъ сохтани миллат.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, аз нақши таърихии рӯзнома ёдовар шуд, ки дар ҳақиқат, “Ҷумҳурият” оинаи ҷумҳурии миллии мост: “Имрӯз на танҳо садсолагии рӯзнома, балки қариб 35-солагии як рӯзномаи миллиамонро ҷашн мегирем. Рӯзномаеро, ки вассофи асосии истиқлоли давлатист. Ин ҷашн ҷашни адабиёт ҳам ҳаст, чунки “Ҷумҳурият” тули сад сол минбари бисёр баланду боэътимоди тамоми аҳли адаб буд. Ҳамаи нависандаҳои мо писари газета, писари “Тоҷикистони советӣ”, писари “Ҷумҳурият”-анд”.
Дар идомаи табрикот Низом Қосим кормандони соҳибкитоби рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода, Абдулқодири Раҳим, Муҳаммадулло Табарӣ ва Бузургмеҳри Баҳодурро бо мукофоти олии соҳавӣ - медали “Нишони сухан”-и Иттифоқи нависандагон қадр кард.
Ба 100-умин баҳор расидани нашрияро раиси Иттифоқи журналистон Зинатуллоҳ Исмоилзода табрик гуфта, як аср барои манфиатҳои миллӣ хизмат кардан ва ба унвони олии “модари матбуоти тоҷик” сазовор гаштани онро, самараи талошҳои фарзонафарзандони миллат номид.
Дар қисмати тантанавии “100 наврӯзи “Ҷумҳурият”” як зумра шахсиятҳои саршинос, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва аҳли илму адаб, аз ҷумла Дилрабо Мансурӣ, Жило Гулназарзода, Кароматулло Олимов, Абдулҳамид Самад, Зиё Абдулло, Камол Насрулло, Шоҳона Сулаймонӣ, Маҳбуба Камолова, Камоли Қурбонийон ва Гулистон Мавлоназарова бо медали “100-солагии “Ҷумҳурият” сарфароз гардонда шуданд.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафар қаламкашони пешсафи рӯзнома Сайфулло Ашӯров, Умаралӣ Сафаралӣ, Матлуба Шарифова, Мафтуна Бахтибекова, Ёқубҷон Содиқов, Лола Ризоева ва Гулнисои Саъдоншоро бо нишонҳои “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” мушарраф гардонда, ба як қатор кормандони дигари фаъол сипосномаи Вазорати фарҳангро супурд.
Дар маҷмуъ, "100 наврӯзи “Ҷумҳурият”" як базми хотирмону тарабафзо буд. Ҳунармандони дастаи овозадори “Гулшан” ва дигар чеҳраҳои ошнои санъат маҳфили наврӯзиро ҷомаи базму тараб пӯшонданд.
Се насли охири пайвандони “модари матбуоти тоҷик” бо ҳам ба рақс омаданд, суруру шодӣ ва саногӯиҳову шукргузориҳо ба осмон печид. Садумин наврӯзи “Ҷумҳурият” ба иди ҳақиқии миллӣ табдил ёфт. Гӯё давоми тантанаи сад соли пеш буд, ки оғоз мегирифт аз 15 марти соли 1925...
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.04.2025 №: 74
