КУМИТА. ПЕШНИҲОДИ 209 НОМГӮЙИ ИХТИСОС БАРОИ ДОВТАЛАБОН

21 апрел 2025, Душанбе
15
Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб ёфта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дорад ва мунтазам ҷиҳати боло бурдани донишу малакаи насли наврас чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ҳамин радиф ба хотири боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Тавре раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт: “Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт (иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энер-гетика, саноати кимиё, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода мешаванд. Имрӯз дар литсейҳои касбии техникии кишвар 23 ҳазору 469 хонанда таҳсил менамояд, ки аз ин 6 ҳазору 276 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ба ҳолати 1-уми марти соли 2025 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 205 хонандаи маъюб (55 духтар), 759 ятим таҳсил карда истодаанд, ки онҳо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва муассисаҳои таъ-лимӣ қарор доранд”.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як миллион нафар ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин мақсад, Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар барои нимсолаи якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ карда, ҷиҳати иҷро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд. Дар се моҳи соли равон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 3 ҳазору 939 нафар ба итмом расонд, ки аз ин 859 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.
– Боиси зикр аст, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ) ва 6 филиали муассисаҳо фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода мешаванд. Бо мақсади ташкили раванди таълим ва, ба ин васила, мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар 36 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии самти тиббӣ аз рӯйи 13 ихтисос дар заминаи синфҳои 9 ва 11 нақшаҳои асосии ягонаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, 70 нақшаи таълимии самти техникӣ ва технологӣ таҳия ва барои корбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол гардид. Айни замон, нақшаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат аз рӯйи 24 ихтисос мавриди баррасӣ қарор доранд, – илова намуд раиси Кумита.
Гулнисо САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77