ТУЛОНИТАРИН МУҲОСИРАИ ҒАЗЗА. ҶОНИ ОДАМОН ДАР ХАТАР АСТ

23 апрел 2025, Чоршанбе
10
Нооромиҳо дар минтақаҳои даргири ҷаҳон, пеш аз ҳама, занону кӯдаконро зери хатар гузоштаву сарсону саргардон кардааст. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, шумораи занону бонувоне, ки дар минтақаҳои зери низоъ умр ба сар мебаранд, босуръат меафзояд. Аксари онҳо имрӯз бо мушкилоти асосӣ – бемориҳои психологӣ рӯбарӯянд. Аз ниёзмандон ҳамагӣ ба ду дарсад кумак расонда мешаваду халос. Танҳо дар як соли охир фавти занон дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ 40 дарсад афзудааст. Айни замон беш аз 600 миллион занону духтарон дар минтақаҳои аз ҷанг осебдида зиндагӣ мекунанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017-ум 50 дарсад зиёд аст.
Бештар аз ҳар ҷои дигар ҳаёти бонувону кӯдакон дар Ғазза зери хатар аст. Ба оби тозаву неруи барқ қариб, ки дастрасӣ нест, системаи тандурустӣ вайрон шуда, 90 дарсади аҳолӣ аз набудани ғизо танқисӣ мекашад. Вазъи санитарӣ ташвишовар боқӣ мемонад.
АЗ ХУРУҶИ БЕМОРӢ ТО АВҶИ ГУРУСНАГӢ
Тибқи маълумоти СММ, аз 2-юми март инҷониб ба навори Ғазза ягон ёрии башардӯстона ворид нашудааст, ки ин тулонитарин давраи муҳосира аз оғози ҷанг аст. ЮНИСЕФ ҳушдор медиҳад, ки норасоии шадиди ғизо, оби тоза ва дору ба миён омада, гуруснагӣ хуруҷ ва бемориҳо афзоиш ёфтаанд.
Эдуард Бейгбедер, мудири минтақавии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ гуфт, ки ҳазорҳо мошин ёрии башардӯстонаи Созмон барои интиқол ба навори Ғазза омодаанд, ки қисми зиёди он маводи аввалия барои зисту зиндагист, аммо иҷозати вуруд надоранд. Барои ҳамин ҳам, ҳарчи зудтар бояд барои интиқоли мавод роҳ кушода шавад.
Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, зимни нишасти матбуотӣ дар қароргоҳи Созмон Исроилро ба риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ хонда, бонги хатар зад: “Зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҳеҷ кумаке ба Ғазза нарасидааст. Дари даҳшат дар ин ҷо дубора боз шуд. Сокинони осоишта дар панҷаи марг қарор доранд”. Ба таъкиди Дабири кулл, он чи имрӯз дар Ғазза мегузарад, хилофи қонунҳои байналмилалист.
МАҲДУД КАРДАНИ ИНТИҚОЛИ ЁРИҲОИ БАШАРДӮСТОНА
Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” хабар медиҳад, ки давоми як ҳафтаи охир сӯзишвории лозима барои гарм кардани хонаҳо ва истифодаи генераторҳои барқӣ ба навори Ғазза интиқол наёфтааст.
Моҳи гузашта шабакаи телевизионии исроилии “Kan” бо такя ба дафтари Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу хабар дода буд, ки артиши Исроил интиқоли ёриҳои башардӯстона ба навори Ғаззаро маҳдуд карда, тамоми дидбонгоҳҳоро бастааст.
Ҳамчунин, неруҳои артиши Исроил аз бозгашти сокинони шаҳри Рафаҳ ба хонаҳояшон, ки дар ҷануби навори Ғазза воқеъ аст, монеъ мешаванд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, артиши Исроил ба тахриби хонаҳо ва биноҳои давлатӣ дар ин шаҳр идома медиҳад.
БОНГИ ИЗТИРОБ: РӮЗЕ ТО 100 КӮДАК КУШТА Ё ЗАХМӢ МЕШАВАД
Боиси ташвиш аст, ки дар ин миён, пеш аз ҳама, ҳаёти кӯдакон дар хатар асту марг гиребонгирашон. 21 маркази табобатӣ, ки 350 кӯдак дар он нигоҳубин мешуд, аз 18-уми март фаъолият намекунад. Гузашта аз ин, дар марказ ва ҷануби Ғазза захираи ғизо барои навзодон ба охир мерасад. Ин дар ҳолест, ки 10 ҳазор тифли то 6-моҳа ба ғизо ниёз дорад. Агар чунин вазъ давом ёбад, волидон маҷбур мешаванд ба ғизои ғайрисанитарӣ рӯ оранд.
Бинобар маълумоти охир, давоми як рӯз дар Ғазза тақрибан 100 кӯдак кушта ё захмӣ мегардад. Дар зарфи 18 моҳ беш аз 15 ҳазор кӯдак фавтида, зиёда аз 34 ҳазори дигар захмӣ шудааст. Ҷои зисти қариб як миллион тифлро иваз кардаанд.
Ҳарчанд пас аз эълони оташбас кӯдакон як муддат ба ҳаёти нисбатан осоишта баргаштанд, аммо ин дер давом накард. Бо дигарбора сар шудани амалиёти ҷангӣ, онҳо зери хушунат ва зӯроварӣ қарор доранд. Ба навиштаи “Газета.Ru”, ахиран дар пайи ҳамлаи ҷониби Исроил дар маркази Дайр-ал-Бала дастикам 342 нафар ба ҳалокат расид, ки ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аксари қурбониён кӯдакон буданд.
Бо вуҷуди бонги изтироб задани созмонҳои байналмилалӣ, вазъ дар навори Ғазза тавре боқӣ мемонад, ки моҳе қабл буд, баръакс рӯз ба рӯз ҳоли мардум вазнинтар мешавад. Кӯдаке дар навбати нон мемирад, модаре дар кунҷи манзил, ҷавоне дар майдони набард ва ин ҳама бозгӯи пешгӯинашаванда будани вазъи ҷаҳон аст...
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.04.2025 №: 79