СУҒД. ШАРОИТИ БЕҲТАРИ ТАҲСИЛИ КӮДАКРО БОЯД ТАЪМИН КАРД!
Таҳсил яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон, махсусан кӯдакон ва наврасон мебошад, ки дар санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон эътироф ва ҳифз шудааст. Ҳуқуқ ба таҳсил барои ҳар кӯдак имкон фароҳам меорад, ки дониш, маҳорат ва арзишҳои заруриро барои зиндагии мустақил ва фаъол дар ҷомеа соҳиб шавад.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо барои гирифтани таълимоти босифат тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва махсусан дастрасии онҳо ба таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, зеро маърифатнокӣ омили асосии амалисозии дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.
Бояд таъкид сохт, ки таҳсил барои кӯдакон ва наврасон на танҳо имкони гирифтани дониш, балки воситаи рушди шахсият, афзоиши имкониятҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, заминаи асосии сохтани ҷомеаи мутамаддин мебошад. Кӯдаке, ки имконияти таҳсилро надорад, дар зиндагӣ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад ва наметавонад тамоми қобилиятҳои худро рушд диҳад. Аз ин лиҳоз, дар баробари волидайн, ҷомеа низ дар татбиқи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил бояд нақши муҳим бозад. Аммо, мутаассифона, имрӯзҳо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои монеъ шудан ба таҳсили кӯдакон ба назар мерасад.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи кор бо ноболиғони вилояти Суғд Айниддин Баҳодуров, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 31 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил сабт шудааст, ки 10 ҳолати он ба шаҳри Истаравшан рост меояд.
Абдусабур Каримов, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан, ин далелро тасдиқ намуда, гуфт:
– Дар ҳашт мактаби шаҳр даҳ ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ба қайд гирифта шудааст, ки хонандагони синфҳои 4-9 мебошанд. Ҳамаи ин ҳолатҳо бо сабаби бо волидон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани фарзандон ба миён омадаанд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, хонандагон ба таҳсили хеш баргаштанд. Айни ҳол мақомоти дахлдор ин ҳолатҳоро тафтиш намуда истодааст ва волидон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Волидайн дорои ҳуқуқи таълим додан ва назорат кардани таҳсили фарзандон мебошанд. Вале ин ҳуқуқ бояд бо ҳуқуқи фарзандон ба таҳсил мувофиқат кунад. Масъалаи монеъ шудани волидайн аз таҳсили фарзандон масъалаи мураккаб ва бисёрҷониба мебошад.
Дар бораи масъулияти ҳуқуқии волидон ҳуқуқшинос Беҳрӯз Наврӯзов чунин мегӯяд:
– Ҳуқуқи таҳсил бояд ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон шинохта шавад ва волидайн наметавонанд фарзандони худро беасос аз таҳсил маҳрум созанд. Вагарна онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар моддаи 1641 (Қонуни ҶТ аз 17.05. 2004 №35, аз 6.10. 2008 №422) барои бо ҳар роҳ монеъ шудани шахси воқеӣ барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Яъне, риояи талаботи қонунгузорӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи падару модарон, ҷомеа ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор гирад.
Монеаҳои гуногун, аз қабили мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ набояд кӯдаконро аз таҳсил дур созад. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар иртибот ба ин, омӯзгори собиқадор Зулхумор Дадобоева, ки беш аз чилу панҷ сол бо таълиму тарбияи толибилмон машғул аст, таъкид месозад:
– барои пешгирии монеъ шудан ба таҳсил бояд барномаҳои тарғиботӣ барои ҳавасманд кардани волидайн ва кӯдакон, хусусан дар деҳот, бештар амалӣ шаванд. Ҳалли мушкилоти мавҷуда танҳо бо ҳамкории давлат, ҷомеа ва худи хонандагон имконпазир аст. Фақт бо ин роҳ метавонем барои насли нав муҳити беҳтари таҳсил фароҳам оварем ва ояндаи дурахшони кишварро таъмин намоем.
Яке аз вазифаҳои муҳими мактабҳо, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши падару модарон ва ҷомеа дар бораи аҳамияти таҳсил мебошад. Аз ин рӯ, дар ин ҷода ҳамагонро саъю кӯшиши пайваста бояд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН