ҚАҲРАМОНИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ. БОЗТОБИ ҶОНФИДОИҲОИ АБДУЛЛО ШАГИЕВ ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Давоми ду даҳсолаи аввали баъдиҷангӣ ҷангноманависон шумораи барандагони унвони олӣ– Қаҳрамони Иттифоқи Советиро аз Тоҷикистони офтобрӯя 25 нафар ва бо сипарӣ шудани чанд соли дигар шумораи онҳоро 45 кас муайян намуда буданд. Бисёриҳо дар ин ҷода қаламфарсоӣ намудаанд, аммо ба андешаи инҷониб ду тан аз онҳо – Раҳмон Сафарови ҷонфидо, адиби ҷангноманавис ва муаррихи маъруф Лидия Петровна Сечкина дар ин роҳ басо ранҷ бурдаанд. Ахирӣ соли 1985 шумораи сарбозони ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушаррафгаштаро 63 нафар ном бурд.
Соли 2015 банда маҷмуаи тадқиқот, очерку мақолаҳои хешро таҳти унвони «Пурдил» ба нашр расондам. Дар ин китоб шумораи барандагони унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистонро ба 66 нафар расондам. Устоди равоншод Сайфиддин Раҳимов зимни суҳбати ёдмоне бо мухбири ҳафтавори «Вечерний Душанбе», гуфта буд, ки шумораи қаҳрамонон аз Тоҷикистон 72 нафар аст. Мутаассифона, аз муаллими муҳтарам рӯйхат-ҳуҷҷате рӯйи даст надорем. Аз он маврид то ҳол ман ин мавзуъро ба ҳоли хеш нагузоштаам ва баҳри пайдои қаҳрамонон пайваста дар талошам.
7-уми майи соли 2024 рӯзноманигори номошно Одил Нозир хушхабаре расонд: «Акаи Умар, боз як қаҳрамонро ба рӯйхататон биафзоед. Абдулло Шагиев, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз шаҳри Кӯлоб!...».
Воқеан, то ба ҳамин дам номи Абдулло Шагиев дар рӯйхати банда набуд. Бо шунидани ин ном ба қомуси озод муроҷиат намудам. Саҳеҳ будааст, чунин қаҳрамон мавҷуд будаву ба шаҳри Кӯлоби РСС Тоҷикистон алоқаи мустақим доштааст.
Шагиев Абдулло Файзраҳмонович 23-юми феврали соли 1907 дар шаҳри Уралски Ҷумҳурии Қазоқистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тотор. Падару модараш аз губернияи Қазон ба Уралск омадаанд. Падараш дар сафи Армияи сурхи коргару деҳқон, дар задухӯрдҳои ҷанги гражданӣ ҳалок гаштааст. Абдуллоро амакаш Фахрӣ Шагиев аз Ҷамбейт тарбия кардааст. Соли 1929 дар 22-солагӣ Абдуллоро ба аскарӣ мегиранд ва ӯ то соли 1931 хизмати ҳарбии ҳатмиро ба поён мерасонад.
Баъди адои хизмати ҳарбӣ, Абдулло Шагиев бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Кӯлоб меояд. Солҳои 1935-1940 дар ҳайати полки савораи қӯшунҳои ивазшавандаи Уралск дар Тоҷикистон хизмат мекунад.
Қабл аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Абдулло бо аҳли оилааш ба авули Тошработи ноҳияи Чаршангинскии РСС Туркманистон рафта, он ҷойро макони сукунат ихтиёр мекунанд. Моҳи сентябри соли 1941 ӯро дигарбора ба сафи Армияи сурх даъват мекунанд.
Сарбози корозмуда Абдулло Шагиев хизматро дар ҳайати полки 213-уми савораи дивизияи 61-уми савораи корпуси 4-уми савора оғоз намуда, бар зидди немисҳои истилогар дар разм мешавад. Аз рӯи ахбор, Шагиев дар муҳорибаи назди Сталинград корнамоӣ нишон медиҳад.
Сарбози шуҷоъ А. Шагиев аз моҳи ноябри соли 1942 ҳамчун пулемётчӣ бо душман ҷангидааст. Ҳини убури дарёи Днепр, 3-юми октябри соли 1943, ба соҳили рости дарё, дар вилояти Гомели Беларус дар амалиёт ширкат варзида, ду соат бо дастааш мавқеи ишғолкардаашро то омадани неруи тоза нигаҳ дошта, қаҳрамонона меҷангад.
Баъди ин корнамоӣ ҳуҷҷатҳои Абдулло Шагиевро барои дарёфти мукофоти олӣ пешниҳод мекунанд. 15-уми январи соли 1944 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳа бар зидди фашистони истилогар ва нишон додани матонату қаҳрамонӣ ба сержанти гвардия Шагиев Абдулло унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода мешавад.
Абдулло Шагиев 4-уми майи соли 1993 дар шаҳри Агидели Ҷумҳурии Бошқирдистон, дар 86-солагӣ вафот кард.
Умари ШЕРХОН, адиб
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН