ИДИ ҒАЛАБА ИДИ ИФТИХОРУ ШАРАФМАНДИСТ!

14 май 2025, Чоршанбе
7
(Дар ҳошияи 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ) Дар адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии тақрибан тамоми мардуми дунё ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоҳои мумкин дар радифи зилзила, сел, тоун, вабо, қаҳтӣ ва билохира тирагӣ ва ғалабаи шайтону Аҳриман маҳсуб шуда (Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии режими Ироқ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон. - Ҷилди дувум. - Теҳрон, 1367. - С. 1), харобкунандаи ҳар чизи зебо ва сарчашмаи ҳар бадию зиштӣ муаррифЙ"ӣ шудааст. Андешаи сулҳи абадӣ ва оштии ҷовидонӣ аз бомдоди фарҳанги башарӣ мардумро шефтаи худ гардонда, маҳз дар партави ин андеша, фалсафаи тӯда ё омма созмон дода шудааст (Нахҷувон А. Ҷанг. - Теҳрон, 1317 (ҳиҷрии шамсӣ). - С.5).
Андешаи ҷанг дар се давраи ташаккули тафаккури инсонӣ: асотирӣ, мазҳабӣ ва фалсафӣ таҳаввул пазируфтааст. Дар асотир қаҳрамонону паҳлавонон ба хотири озодию адолат меҷанганд (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. - Теҳрон, 1368. - С. 5-8) дар афкори мазҳабӣ (динӣ) ҷанг бо фармон ва хости Худо ҳақиқат пайдо мекунад (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. - С. 9-12) ва дар андешаи фалсафӣ ҷанг бо қотеътарин ваҷҳу далел маҳкум карда мешавад.
Мунтаҳо, ҷанг дар ҳама ҳолат, мусибати инсонӣ маҳсуб меёбад ва дар баробари он, фарҳангу тамаддун бояд ҷангу низоъро маҳдуд кунад. Дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба дараҷае афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Истилоҳи “генотсид” (соли 1944 сохта шуд ва дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт (Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. - С. 224). Худхоҳию худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги якуми ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор кушта бар ҷой гузошт. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги якуми ҷаҳон 50 дарсади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ин рақам ба 60 дарсад мерасад (Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. - С. 225). Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҷабҳаҳо мебошад (Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. - С. 226). Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чи қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надодааст.
Таърих муқовиматҳои шадиди мардуми моро ба муқобили истилогарони мустабид дар ҳамаи давру замонҳо хуб дар ёд дорад. Мардуми тоҷик, новобаста ба шароити сангини иҷтимоию сиёсӣ, алайҳи истилогарони хориҷӣ таҳти сарварии Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзода ва дигар фарзандони далеру шуҷоъ ва баору номус шадидан муқовимат карда, дар майдонҳои набард барои ҳифзи Меҳан ҷоннисорӣ намудааст. Мардум, Ватан ва миллат номи он мардони ҷасурро дар қалбаш абадан нигоҳ дошта, хотираи неки онҳоро абадан пос медорад.
Вақте ки Ватан дар хатар аст, мардони шуҷои миллат ҷон дар каф барои дифои он бармехезанд ва ҷангу пархош алайҳи золимону мустабидони хориҷӣ ба ғояи мутамаркази ҳаёти сиёсии онҳо табдил меёбад. Беҳуда нест, ки меҳри Ватанро бо меҳри Модар – офарандаи ҳаёти инсонӣ тавъам медонанд ва айният медиҳанд.
Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷаҳонии дар асри бистум бавуқуъпайваста дастовардҳои моддию маънавии башарро зери хатар қарор дода, вазъияти амниятии манотиқи гуногуни ҷаҳонро хавфнок сохта, фақру бенавоӣ ва қатлу ғорат ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид кард.
Ҳамин гуна беморию ранҷурӣ ва фақру бенавоиро садҳо карат зиёдтар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945 ) ба мардуми сайёра «эҳдо» намуд. Бадтар аз ҳама, бар асари ин ҷанги мудҳиш ҷони миллионҳо нафар одамони сайёра ба коми нестию нобудӣ афтида, миллионҳо кӯдак заҳри ятимию бекасиро маҷбуран ва ғайриихтиёр чашидаанд. Аз ин дида мусибате сахттар барои насли инсонӣ набуда ва нест.
Аз батни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) тавлид ёфт, ки барои манотиқи дар ин ҷанг шомилбуда асароти сахт гузошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ бар хоки Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфт, амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шуравии нав аз кашмакашҳои дохиливу хориҷӣ халосёфтаро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт.
Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми олмонӣ салтанати истилогунаро қариб дар тамоми ҷаҳон барканда, роҳи тараққиёти минбаъдаи бисёр мамолики таҳти тасарруфи мустабидони берунӣ қарордоштаро муайян кард. Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони гитлерӣ ғалаба ва пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл, меҳру вафо бар ҷабру ҷафо, покӣ бар палидӣ ва дар маҷмуъ, ҳастӣ бар нестӣ мебошад. Дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо сарсупурдагони Ватан ба даст омадааст, тамоми мардуми шуравӣ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон низ, саҳм доранд.
Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат науфтодани мардуми шуравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизми олмонӣ таҳдид мекард, ба қарз, фарз ва амри виҷдони ҳар як шаҳрванди солимақли Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт.
Даъвати роҳбарияти давлати шуравӣ ба ҷанг барои аз хоки Ватан рондани истилогарони олмонӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ба ҷанг сафарбар шуданд. Шиорҳои асосӣ ва сартосарӣ дар он замон “Ҳама ба фронт, ба ҳифзи Модар – Ватан”, “Ватан – Модар даъват мекунад” буданд. Ин шиорҳои аз назари сиёсию иҷтимоӣ дархӯр тавонистанд, ки дар миқёси табақаҳои мухталифи ҷомеаи шуравӣ, минҷумла мардуми заҳматқарини Тоҷикистон, оташу қаҳру ғазаби мардумро бар зидди истилогарон афзун созанд ва раванди муборизаҳои адолатхоҳонаро вусъати тоза бахшанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзанди ғаюри миллат ба ҷабҳаҳо сафарбар шуданд. Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷони худро барои ҳифзи Ватан фидо намуданд. Дар ақибгоҳ ҳам халқи азизи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳадафмандона заҳмат кашида, барои сангарҳои ҷангӣ ҳазорон тонна маҳсулоти ғизоӣ, анвои гуногуни озуқаворӣ ва лавозимоти ҷангӣ фиристода, аз ин тариқ дар раванди пирӯзӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Шароити муосири сиёсӣ ва геосиёсӣ бисёр нигаронкунанда аст: қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мафкуравӣ - идеологӣ миёни мамолики кам-зарфият ҷангу низоъ ва даргириҳоро дар ҳар шакле пиёда месозанд. Бинобар ин, ниҳоят ҳушёр бояд буд, то мавриди истифодаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор нагирем ва дар баробари ҷангу низоъҳо истодагарӣ карда тавонем. Ба сухани дигар, барои он ки сулҳу амният бар ҷанг пирӯз гардад, моро зарур аст, ки ҳарчи зиёдтар ба илму фарҳанг рӯ биёварем ва дар пайи оштӣ додани зидҳо бошем, гузашта аз ин, маъно ва ҳадафи зиндагиро дар оштии зидҳо донем. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ:
Зиндагонӣ оштии зидҳост,
Марги он андар дарунаш ҷангҳост.
Дар охир, пораи манзумеро, ки ба муносибати пирӯзӣ дар ҶБВ иншо шудааст, чун табрикоту таманниёти ҷашнӣ манзуратон месозем:
БА РАҒМИ ҶАНГ КАРДА СУЛҲРО ПАРЧАМ
Расо ҳаштод соли пеш бар рағми бадомӯзӣ,
Ҷавомардони Меҳан бо худафрӯзӣ,
Далерони Ватан бо хештансӯзӣ,
Раҳониданд мардум аз сияҳрӯзӣ,
Расониданд моро то ба пирӯзӣ,
Ба хушҳолии имрӯзӣ!
Ту медонӣ, ки насли поки он даврон,
Тамоми так-таки афроди бовиҷдон,
Шикастандӣ аду бо дасту бо дандон,
Барои дӯстию сулҳи бепоён,
Бикардандӣ барои бахти фарзандон,
Ҳазорон хешро қурбон!
Харобӣ оварад ҳар ҷанг бар олам,
Мусибатҳо биёрад бар сари одам,
Биафзояд ҳамеша гиряву мотам,
Бидода мардумӣ дастобадасти ҳам,
Ба рағми ҷанг карда сулҳро парчам,
Ки созад олами беғам!
Биё, ҷамъ оварем аҳли азизонро,
Рафиқони шафиқу сулҳхоҳонро,
Кунем ифшо фиреби ҷангҷӯёнро,
Шунав, хуш муждаи уммедворонро,
Паёми ростини растагоронро,
Садои насли инсонро!
Пас, оре, ҳар Ватан обод бояд кард,
Суруди сулҳро эҷод бояд кард,
Талош андар раҳи имдод бояд кард,
Ки ҳар як қаҳрамонро ёд бояд кард,
Ба рӯзи ҷашн дилҳо шод бояд кард,
Муборакбод бояд кард!
Нозим НУРЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95