2025-2030. РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ БА ХОТИРИ ФАРДОИ РАҚОБАТПАЗИРӢ

14 май 2025, Чоршанбе
73
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (аз 28-уми декабри соли 2024) самтҳои асосии сиёсати мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои илму маориф, гузариш ба соҳаи рақамикунонӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимнан, Сарвари давлат ҷиҳати гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ ҳафт самти асосиро муайян намуда, пешниҳод доштанд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Ин иқдоми ояндабинона ва саривақтии Президенти мамлакат баҳри вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон заминаи воқеӣ фароҳам оварда, мамлакатро дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ омодаву устувор месозад.
Бояд гуфт, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия дар низоми муосири таълим барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор намудани завқу ҳаваси хонандагону донишҷӯён ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин, самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти салоҳиятнок ва давра ба давра ҷорӣ намудани он дар ҳамаи зинаҳои таълим талаби замон мебошад.
Мафҳуми инноватсия дар бисёри соҳаҳо ба монанди иқтисодиёт, технология, сиёсат ва маориф истифода бурда мешавад. Технологияи инноватсионӣ навъи технологияест, ки аз дастовардҳои навини илмӣ бархурдор буда, истифодабарии он дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳо қулай аст. Бо назардошти муҳимияти равандҳои рақамикунонӣ ва тақозои замон инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои ҷадид, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш аз самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ дониста мешаванд.
Имрӯз тамоми шароитҳо барои ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷиҳати такмил ва азбарнамоии донишҳои вобаста ба иқтисоди рақамӣ аз тарафи давлат таъмин карда шудааст. Ин аст, ки ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар пешрафти илму маорифи кишвар, иқтисоду фарҳанг ва инноватсияҳо ҳамвора талош меварзанд. Бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо истифода аз фурсат илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосирро аз бар намуда, баҳри пешрафти кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои навоварона нишон медиҳанд ва дар рушди Тоҷикистони азизамон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Муҳаммад ҲАСАНОВ, устоди Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95