«ПОМИР ЭНЕРҶӢ». ЧАРО ДАР ЗИМИСТОН ТАВЛИДИ БАРҚ КОҲИШ ЁФТ?

15 май 2025, Панҷшанбе
11
Бо барқи хушсифат таъмин намудани сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар асоси шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶСШК «Помир Энерҷӣ» 25 сол боз ширкати «Помир Энерҷӣ» ба уҳда дорад. Бо пурра ба кор даромадани НБО «Помир-1» ва дигар иншооти муҳими соҳа дар вилоят сатҳу сифати таъминоти аҳолии шаҳри Хоруғ ва деҳоти навоҳии вилоят дар солҳои охир хеле беҳтар гардид.
Аммо зимистони соли равон муштариёни ширкат барои таъмини нокифояи қувваи барқ, хусусан дар деҳоти дурдасти вилоят, изҳори нигаронӣ намуданд. Дар суҳбатҳои алоҳида ва ҷамъомадҳои расмӣ шаҳрвандон аз он изҳори норозигӣ мекарданд, ки моҳҳои декабри соли 2024, январ-марти соли равон барқ бе эълони пешакӣ ва бештар аз ҳамасола қатъ мешуд, дар маҷмуъ, дар зимистони имсола реҷаи нисбатан шадид ҷорӣ гардида буд.
Ҳабиб Чоршанбезода, мудири шуъбаи саноат, коммуникатсия ва энергетикаи дастгоҳи раиси вилоят дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ВМКБ зикр кард, ки таъмини аҳолии вилоят бо қувваи барқ сол ба сол беҳтар мегардад. Масалан, агар дар моҳҳои декабр ва январи солҳои пеш дар таъмини қувваи барқ реҷаи нисбатан шадид ҷорӣ шуда, маҳдудияти барқ барои муштариёни навоҳии алоҳидаи вилоят дар мавсими зимистон то 7-8 соатро ташкил медод, чанд соли охир вазъият беҳтар гардид. Ҳатто, дар баъзе шабонарӯзҳои зимистон барқ бе реҷа дода мешуд. Аммо зимистони соли равон бо сабаби сармои тулонӣ талабот ба барқ бесобиқа афзуд. Бинобар ин, барои интиқоли неруи барқ ба муштариён реҷаи муайян ҷорӣ гардид. Танҳо ҳангоми рух додани садамаҳо реҷаи барқдиҳӣ халалдор мешуд. Масалан, дар семоҳаи аввали соли равон 8 ҳодисаи бозистодани неругоҳҳои барқӣ бо тавлид нашудани 211 ҳазор кВт/соат ба қайд гирифта шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳодиса бо бештар аз 100 ҳазор кВт/соат қувваи барқ камтар мебошад.
Азбаски бо зиёдшавии муштариён талабот ба неруи барқ сол ба сол бештар мешавад, фурӯши барқ низ ба муштариён меафзояд. Бинобар иттилои расмии ширкати “Помир Энерҷӣ”, дар се моҳи аввали соли равон ба муштариёни барқи вилоят ҳамагӣ 71241020 кВт/соат ё ба маблағи 27385565 сомонӣ қувваи барқ фурӯхта шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи кВт/соат 1,4 фоиз ва ба ҳисоби маблағ 1,72 фоиз зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин бо таъкиди масъулони соҳа дар ин семоҳа дар неругоҳҳои хурди барқи обии деҳот тавлиди барқ коҳиш ёфт. Дар ин неругоҳҳо ҳамагӣ 102 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз кам мебошад. Коҳиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ дар ин неругоҳҳо ҳам, асосан, ба хунук омадани мавсим ва норасоии об рабт дорад.
Бино ба маълумоти ширкат, дар семоҳа, ҳамчунин, талафоти барқ афзоиш ёфт. Дар миқёси вилоят талафоти барқ ҳамагӣ ба 8,75 фоиз баробар шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,15 фоиз ё 218067 кВт/соат зиёд мебошад. Мутахассисони ширкат зиёдшавии талафоти барқро, асосан, аз ҳисоби сербории қувваи барқ дар хатҳои баландшиддати 35 кВ ва 110 кВ арзёбӣ мекунанд.
Ба суратҳисоби ширкат дар ин давра аз ҳисоби пардохти ҳаққи барқ 22 миллиону 94 ҳазору 968 сомонӣ ворид гардид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум 2094968 сомонӣ ё 10,16 фоиз зиёд мебошад. Ҷамъоварии маблағ аз аҳолӣ қариб 8 фоиз, корхонаҳои тиҷоратӣ бештар аз 14 фоиз зиёд шуда, дар идораҳои буҷетӣ 1,87 фоиз коҳиш ёфт.
Қарздории дебиторӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 панҷ дарсад кам гардид. Ба ҳолати аввали моҳи апрел қарздории дебитории корхонаҳои буҷетӣ наздик ба 5 миллион ва ташкилотҳои тиҷоратӣ қариб 8 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нигаронкунанда аст. Аҳолӣ назди ширкат 2401492 сомонӣ қарздор бошад ҳам, вале ин рақам сол ба сол коҳиш меёбад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96