КИШОВАРЗӢ. ТАШАККУЛИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо тақозои замони муосир имрӯз зеҳни сунъӣ (AI) ва технологияҳои инноватсионӣ ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ, устуворона ворид шуда, инқилоби воқеӣ ба амал оварда истодаанд. Истифодаи техникаву технологияҳои инноватсионӣ ба деҳқонон имкон медиҳанд, ки истеҳсолоти худро ба нақша гирифта, сифати маҳсулотро бамаротиб беҳтар гардонанд. Умуман, технологияҳои замони муосир барои деҳқонон ва дигар истифодабарандагон навгониҳои муносибро пешниҳод дошта, фаъолиятро осон мегардонад.
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР КИШОВАРЗӢ
Дар ояндаи наздик хоҷагиҳои комилан мустақил арзи вуҷуд менамоянд, ки дар онҳо тамоми равандҳо аз ҷониби зеҳни сунъӣ идора мешаванд. Мутахассисон пешгӯйи мекунанд, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ ба таҳаввулоти соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли осонтари маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат менамояд. Аллакай, шабакаҳои нейронӣ натиҷаҳои ҳосилнокиро пешгӯӣ карда, дар қабули қарорҳои дуруст ёрӣ мерасонанд. Масалан, «биниши компютерӣ» бо дақиқии баланд, ҳатто, нишонаҳои ночизи бемориҳои рустаниро ошкор мекунад, ки самаранокии ҳифзи заминҳои кишоварзиро баланд мебардорад.
Гузашта аз ин, бо ёрии технологияҳои муосир метавон кишт, ҷамъоварии алафҳои худрӯй ва ғайраро амалӣ кард. Роботҳои бо зеҳни сунъӣ идорашаванда қодиранд, ки ба таври шабонарӯзӣ кор кунанд, ҳосилнокии меҳнатро баланд бардоранд ва хароҷоти меҳнатро коҳиш диҳанд. Ҳамчунин, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар парвариши чорво муваффақона истифода шаванд.
ТАШАККУЛИ КИШОВАРЗИИ РАҚАМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо назардошти ин омилҳо, Тоҷикистон истифодаи имкониятҳои иқтисоди рақамиро дар соҳаи кишоварзӣ хуш пазироӣ мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (аз 28-уми декабри соли 2024) аз боби кишоварзии мамлакат сухан ронда, дар баробари андешидани дигар чораҳои зарурӣ, таъмини рушди инноватсионии соҳаро таъкид доштанд. Дар ин радиф, Ҳукумати мамлакат рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисоди миллиро муайян намуда, дар ин самт аз чораҳои муассир кор мегирад.
ТАВСИЯҲОИ КОРШИНОСОН БАРОИ ДЕҲҚОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Мутаассифона, кишоварзони Тоҷикистон алҳол қариб, ки аз имкониятҳои рақамии соҳа истифода намебаранд. Дар ҳамин ҳол, коршиносони барномаҳои рушди СММ (UNDP) чанд навъи ояндадори технологияҳои рақамии кишварзиро барои кишоварзони Тоҷикистон (тобистони соли 2024, муаррифии «Асосноккунии техникию иқтисодии имкониятҳои кишоварзии рақамӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон») муайян кардаанд, ки баъзеи онҳоро мисол меорем. Ба гуфтаи коршиносон, паҳпод (дрон)-ҳои кишоварзӣ ҳалли инноватсионӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар давоми як соати парвози ин дронҳо, метавон маълумоти муфассалро дар бораи майдони 16-20 гектар замин ҷамъоварӣ кард ва дигар амалиётро анҷом дод. Гармхонаҳои интеллектуалӣ. Онҳо ҳалли пешрафтаи технологӣ барои парвариши зироатҳои баландсифати кишоварзӣ дар тамоми сол мебошанд. Гармхонаҳои интеллектуалӣ бо системаҳои равшанӣ, назорати ҳарорат, обёрӣ, гармӣ ва ғанисозии гази карбон муҷаҳҳаз шудаанд.
Домҳои ҳашароти зараррасон. Ин домҳо барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ҳашароти зараррасон пешбинӣ шудаанд. Чунин домҳо технологияи пешрафтаи назорати саршумори ҳашароти зараррасон ва огоҳсозии саривақтӣ оид ба чораҳои зарурӣ доранд. Системаи gps\мониторинги GLONASS. Он барои гирифтани маълумот дар бораи ҳолати майдонҳо дар асоси маълумоти моҳворавӣ, аксбардории ҳавоӣ, гирифтани маълумоти обу ҳаво истифода мешавад. Ин технологияҳо арзон нестанд, вале онҳо имкон медиҳанд, ки деҳқонон хароҷоти нуриҳо, обёрӣ ва ҳосилнокиро кам кунанд.
МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО
Бо вуҷуди ҳамаи ин афзалиятҳо, мушкилоти ворид кардани зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ на танҳо ба хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад. Агар аз як сӯ арзиши техникаву технологияҳо баланд бошад, аз ҷониби дигар рустанипарварони махсусомӯзондашуда, чорводорон, генетикҳо намерасанд. Инчунин, дар ин раванд таъмини омӯзиши рақамӣ ва назорати киберамниятӣ таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд. Дар ҳамин ҳол, кишоварзӣ бахши муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон буда, ба туфайли он истеҳсоли тақрибан 23 дарсади ММД, зиёда аз 70 дарсади ҷойҳои корӣ, 25 дарсади содирот ва 35 дарсади даромади андоз ба буҷет таъмин карда мешавад.
Бинобар ин, истифодаи самараноки технологияҳои AI, ки имрӯз барои рушди кишоварзӣ уфуқҳои нав мекушоянд, истеҳсолот ва сатҳи амнияти озуқавориро баланд мебардоранд ва сарфи вақту истифодаи қувваи кориро дар соҳа коҳиш медиҳанд, бар нафъи ояндаи бехатар хоҳад буд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106
